Қисмате аз осоишгоҳи “Оби Гарм”-и Роғун хусусӣ мешавад

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон як қисмате аз бино ва иншооти осошгоҳи “Оби Гарм” дар шаҳраки Обигарми шаҳри Роғунро ба музояда гузоштааст. Дар эълони нашршуда дар сомонаи КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар ин робита қайд мешавад, ки савдои бинову иншоот санаи 2 ноябр доир гардида, нархи ибтидоии он 500 […]

Asia-Plus

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон як қисмате аз бино ва иншооти осошгоҳи “Оби Гарм” дар шаҳраки Обигарми шаҳри Роғунро ба музояда гузоштааст.

Дар эълони нашршуда дар сомонаи КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар ин робита қайд мешавад, ки савдои бинову иншоот санаи 2 ноябр доир гардида, нархи ибтидоии он 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Осоишгоҳи “Оби Гарм” дар 100 километрии шарқи Душанбе дар канори чапи рӯди Элок (шохоби дарёи Вахш) дар баландии 1300 метр воқеъ аст.

Дар заминаи яке аз сарчашмаҳои оби минералии гарм истироҳатгоҳ (курорт)-и “Оби Гарм” дар қаламрави шаҳри Роғун ҷойгир ва фаъолият дорад. Осоишгоҳи “Оби Гарм” барои муолиҷаи бемориҳои гуногун шароити мусоиди иқлимӣ дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.