Чин ба сохтмони биноҳои парлумону ҳукумати Тоҷикистон боз $130 млн. медиҳад

Чин барои сохтмони биноҳои нави парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон бар асоси кумаки бебозгашт воситаҳои пулии иловагӣ ҷудо мекунад. Ҳукумати Чин ба ҳукумати Тоҷикистон ба маблағи 900 миллион юан барои омода ва амалӣ намудани лоиҳаи сохтмони бинои парлумон ва бинои ҳукумати Тоҷикистон, лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт, хизматрасониҳои коммуналӣ, фарҳанг, маориф ва ғайраҳо кумаки бебозгашт пешниҳод менамояд, […]

Чин барои сохтмони биноҳои нави парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон бар асоси кумаки бебозгашт воситаҳои пулии иловагӣ ҷудо мекунад.

Ҳукумати Чин ба ҳукумати Тоҷикистон ба маблағи 900 миллион юан барои омода ва амалӣ намудани лоиҳаи сохтмони бинои парлумон ва бинои ҳукумати Тоҷикистон, лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт, хизматрасониҳои коммуналӣ, фарҳанг, маориф ва ғайраҳо кумаки бебозгашт пешниҳод менамояд, қайд мешавад дар Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин оид ба ҷудо намудани кумаки бебозгашт.

Санади мазкур нимаи ҳамин моҳ зимни сафари Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян ба Душанбе ба имзо расид.

Дар шарҳи масъала аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ин воситаҳо илова ба 1,5 млрд. юан хоҳад буд, ки Тоҷикистону Чин қаблан дар бораи он ҷиҳати сохтмони ин биноҳо созиш ҳосил карда буданд.

Ёдрас мекунем, ки Созишнома дар бораи ҷудо кардани воситаҳо ба сифати кумаки бебозгашт дар ҳаҷми 1,5 млрд. юан (215 млн. доллар) барои сохтмони бинои парлумон ва маҷмааи ҳукумати Тоҷикистон байни ҳукуматҳои ҳарду кишвар моҳи сентябри соли гузашта зимни сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин ба тасвиб расида буд.

Санаи 13 сентябри соли равон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян ба корҳои сохтмонӣ дар биноҳои парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд.

Бинои Парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз – 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон 42 ҳазору 874 метри мураббаъ мебошад.

Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мешавад. Масоҳати қитъаи замини Маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10,27 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13 ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.