Ифтитоҳи маркази хизматгузории “Спитамен Бонк” дар Панҷакент

Asia-Plus

Дар шаҳри Панҷакент маросими тантанавии ифтитоҳи Маркази хизматгузории ҶСП “Спитамен Бонк” доир гардид.

Марказ бо суроғаи хиёбони Рӯдакӣ, 365 воқеъ аст. Дар ин маросим раиси шаҳр Шафиён Ислом Зиёзода, намояндагони шуъбаи маорифи мақомоти шаҳрдорӣ, кормандони сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва рӯзноманигорон иштирок карданд.

Зимни суханронӣ дар маросим Иҷрокунандаи вазифаи раиси Раёсати “Спитамен Бонк” Наврӯз Самандарзода кормандони бонкро ба пешниҳоди хизматрасонии сатҳу сифати баланд ба аҳолӣ ва мусоидат ба рушди тиҷорати хурду миёна ҳидоят намуд.

Зимни боздид аз марказ меҳмонон бо кормандони бонк ва таҷҳизоти технологии муосири ҳалли масоил барои қулайу бароҳат будани хизматгузорӣ ба мизоҷон аз наздик шинос шуданд.

Наврӯз Самандарзода ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла сертификатҳо барои ифтитоҳи корти VISA Classic тақдим намуда, ба ҳамкории ҳамаҷонибаву пурсамар ва дастгирӣ аз ҷониби сохторҳои давлатии шаҳр умедворӣ изҳор кард.

Маросими ифтитоҳи марказ зери садои асбобҳои мусиқии миллӣ – карнайу дойра баргузор шуда, дар ин рӯз барои нахустин муштариён – аълохонҳои стипендиягири гимназияҳои маҳаллӣ, донишҷӯён, омӯзгорон ва хизматчиёни давлатӣ дарҳои марказ боз шуданд.

ҶСП “Спитамен Бонк” дорои 14 филиал ва марказҳои хизматгузорӣ дар саросари ҷумҳурӣ аст. Маркази хизматгузорӣ дар Панҷакент дуюмин марказест, ки имсол боз шуд. Моҳи майи соли равон чунин марказ дар ноҳияи Ёвон ифтитоҳ гардида буд.

Айни замон “Спитамен Бонк” барои хизматрасонии хушсифат ба мизочон дар саросари кишвар 138 POS-терминалҳо ва 30 банкомат насб кардааст. “Спитамен Бонк” ҳамчунин ба ҳамаи низомҳои байнулмилалии пардохт бо кортҳои пластикӣ хизматгузорӣ мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...