Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон 10% зиёд мешавад

Дар лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019”, ки ҳукумат дар ҷаласаи рӯзи 30 октябр тасдиқ намуд, ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб аз 50 сомонии ҳозира то 55 сомонӣ зиёд мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ. Нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи пулие мебошад, ки ҳар сол дар Қонуни ҶТ дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2019”, ки ҳукумат дар ҷаласаи рӯзи 30 октябр тасдиқ намуд, ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб аз 50 сомонии ҳозира то 55 сомонӣ зиёд мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи пулие мебошад, ки ҳар сол дар Қонуни ҶТ дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли дахлдор муқаррар гардида, барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин барои ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзиши ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), кӯмакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории кишвар татбиқ карда мешавад.

Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар қонун дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли дахлдор бояд ҳамчун қоида бо дарназардошти сатҳи беқурбшавӣ, ки барои соли дахлдор пешбинӣ карда мешавад, сурат гирад.

Аз 1 июли соли 2008 нишондиҳанда барои ҳисоб ибораҳое чун “ҳаҷми минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималӣ (ҳадди ақал)”, “ ҳаҷми моҳонаи минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималии моҳона”-ро барои пардохти андозу боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва ҷаримаҳо иваз намуд.

Қобили зикр аст, ки аз 1 январи соли 2015 нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон – 40 сомонӣ ва аз 1 январи соли 2018 – 50 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.