Посухи Вазорати тандурустӣ ба “Азия-Плюс”: Табибон аз кор озод шуданд

Саодат Раҳимӣ, Asia-Plus

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 3 ноябр бо иштироки роҳбарони бемористони ёрии таъҷилии тиббӣ ва шуъбаи ёрии таъҷилии маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-и пойтахт ва роҳбарони вазорат таҳти сарварии вазир Насим Олимзода маҷлис доир гардид.

Дар номаи расмии ирсолгардидаи Вазорат ба унвони идораи “Азия-Плюс” қайд мешавад, ки маҷлис дар робита ба ҳодисаи санаи 2 ноябр рухдода ва маводи нашршуда дар сомонаи “Азия-Плюс” худи ҳамон рӯз дар ин бора – «Скорая едет час, а к нетрезвым не едет вообще» даъват карда шуд.

“Аз ҷониби роҳбарияти Вазорат қазияи мазкур пурра омӯхта шуда, нисбати навбатдорони Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ” ва шуъбаи ёрии таъҷилии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе, ки ба макони ҳодиса даъват гардида буданд, чораҳои интизомӣ ба роҳ монда шуда, тибқи фармоиш ҳарду навбатдор аз кор зода карда шуданд”, – омадааст дар мактуб.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда зери пули байни КТН “Шарқи озод” ва нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Сим-Сим” марди дар замин хобидае беҳушу беёд дарёфт шуд, ки ба кумаки таъҷилии тиббӣ эҳтиёҷ дошт. Автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ як соат пас аз занг задан ба ҷойи ҳодиса расид.

Ба гуфтаи табибон, ин мард шароб истеъмол карда, меъёрҳои нишондиҳандаҳои зарурии ҳаётан муҳим дар ҷисмаш муътадил аст ва онҳо ният надоранд, ки ӯро ба бемористон интиқол диҳанд.

Мудири дафтари радиои "Озодӣ” дар Душанбе Ниссо Расулова дар Фейсбук навори видеои ин ҳодисаро гузоштааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...