Посухи Вазорати тандурустӣ ба “Азия-Плюс”: Табибон аз кор озод шуданд

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 3 ноябр бо иштироки роҳбарони бемористони ёрии таъҷилии тиббӣ ва шуъбаи ёрии таъҷилии маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-и пойтахт ва роҳбарони вазорат таҳти сарварии вазир Насим Олимзода маҷлис доир гардид. Дар номаи расмии ирсолгардидаи Вазорат ба унвони идораи “Азия-Плюс” қайд мешавад, ки маҷлис дар робита ба ҳодисаи санаи […]

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 3 ноябр бо иштироки роҳбарони бемористони ёрии таъҷилии тиббӣ ва шуъбаи ёрии таъҷилии маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-и пойтахт ва роҳбарони вазорат таҳти сарварии вазир Насим Олимзода маҷлис доир гардид.

Дар номаи расмии ирсолгардидаи Вазорат ба унвони идораи “Азия-Плюс” қайд мешавад, ки маҷлис дар робита ба ҳодисаи санаи 2 ноябр рухдода ва маводи нашршуда дар сомонаи “Азия-Плюс” худи ҳамон рӯз дар ин бора – «Скорая едет час, а к нетрезвым не едет вообще» даъват карда шуд.

“Аз ҷониби роҳбарияти Вазорат қазияи мазкур пурра омӯхта шуда, нисбати навбатдорони Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ” ва шуъбаи ёрии таъҷилии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе, ки ба макони ҳодиса даъват гардида буданд, чораҳои интизомӣ ба роҳ монда шуда, тибқи фармоиш ҳарду навбатдор аз кор зода карда шуданд”, – омадааст дар мактуб.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда зери пули байни КТН “Шарқи озод” ва нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Сим-Сим” марди дар замин хобидае беҳушу беёд дарёфт шуд, ки ба кумаки таъҷилии тиббӣ эҳтиёҷ дошт. Автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ як соат пас аз занг задан ба ҷойи ҳодиса расид.

Ба гуфтаи табибон, ин мард шароб истеъмол карда, меъёрҳои нишондиҳандаҳои зарурии ҳаётан муҳим дар ҷисмаш муътадил аст ва онҳо ният надоранд, ки ӯро ба бемористон интиқол диҳанд.

Мудири дафтари радиои "Озодӣ” дар Душанбе Ниссо Расулова дар Фейсбук навори видеои ин ҳодисаро гузоштааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.