Ошӯби маҳбусон дар зиндони низомаш шадиди Хуҷанд

Asia-Plus

Дар муассисаи ислоҳии низомаш шадиди шаҳри Хуҷанд шаби 8 ноябр маҳбусон ба ошӯб даст зада, он аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пахш карда шуд.

Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон далели ошӯбро тасдиқ намуда, лекин аз пешниҳоди ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ варзиданд.

“Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи махсуси корӣ сабабҳои сар задани ошӯбро таҳқиқ мекунад. Алҳол ҳеҷ ҷузъиёте маълум нест”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ин Сарраёсат.

Исён дар муассисаи ислоҳии низомаш сангин, воқеъ дар қаламрави микрорайони 16 шаҳри Хуҷанд рух дод. Шумори кушта ё захмишудагон дар он алҳол номаълум аст. Ҳамчунин маълум нест, ки ба чанде фирор кардан муяссар шудааст ё не.

Дар ҳамин ҳол, тавре Радиои Озодӣ бо такя ба манбаи худ хабар медиҳад, бар асари задухӯрд хисороти ҷонӣ ҳаст, аммо теъдоди кушташудаҳо ва захмиҳо маълум нест. Нерӯҳо зуд ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда ва ошӯбгаронро пахш карданд.

Ба қавли шоҳидон, дар ҳамаи роҳҳои шаҳр ба самти кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон посгоҳҳои тақвиятёфтаи кормнадони сохторҳои қудратӣ гузошта шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки ду сол пеш – 24 ноябри соли 2016 сокини 26-солаи Исфара Амонуллохон Носирӣ аз зиндони низомаш шадиди №3/3-и шаҳри Хуҷанд фирор намуд. Баъди ду рӯз ӯ дар қаламрави зодгоҳаш – шаҳри Исфара боздошт шуда буд.

Қаблан шаби 17 июни соли 2016 маҳбусон Рамзуллохон Додохонов, Ҳабибҷон Юсуфов ва Мирзозариф Қаюмов низ ҷиҳати фирор аз ҳамин зиндони кӯшиш карда буданд. Онҳо бо корд сардори шуъбаи назорат ва тарбияи зиндон Ёрмамад Алимамадовро захмӣ карда буданд, ки дар роҳ ба бемористон ҳалок шуда буд.

Он замон зикр гардида буд, ки маҳбусони зикршуда барои пайвастан ба сафҳои гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” аз зиндони гурехтанӣ будаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...