Тадбирҳои тарбиявӣ вобаста ба беназмӣ дар фестивали “Оши палав” дар Душанбе

Мақомоти шаҳрдории Душанбе маълумотро дар бораи муҷозоти чанде аз кормандон баъди ҳодиса дар ҷараёни фестивали “Оши палав” дар Боғи Фирдавсии пойтахт рад намуд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, корҳои тадорукотии фестивал дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда буданд. “Дар бадахлоқиву беадабӣ ва бетарбиягии чанде аз […]

Мақомоти шаҳрдории Душанбе маълумотро дар бораи муҷозоти чанде аз кормандон баъди ҳодиса дар ҷараёни фестивали “Оши палав” дар Боғи Фирдавсии пойтахт рад намуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, корҳои тадорукотии фестивал дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда буданд.

“Дар бадахлоқиву беадабӣ ва бетарбиягии чанде аз тамошобинони чорабинӣ ташкилкунандагон гунаҳкор нестанд”, – қайд кард манбаъ.

Қобили зикр аст, ки санаи 10 ноябр ошпазҳои беҳтарини ҷумҳурӣ дар боғи Фирдавсии пойтахт дар доираи фестивали “Оши палав” як тонна ош пухтанд. Барои таҳияи он 250 кило биринҷ, 200 кило гӯшт, 350 кило сабзӣ, 90 литр раған, 30 кило пиёз, як кило зира ва панҷ кило мавиз ва як килло нахуд истифода шуд.

Оши палав ба меҳмонони фестивал бепул тақсим шуд. Лекин баъди тановулу фестивалро тарк кардани меҳмонон, бетартибиву беназмиҳо сар зада, чанде аз тамошобинон ба деги ош дарафтоданд ва бо ҳар роҳу васила мехостанд аз он ош бигиранд.

Навори видеои ин ҳодиса боиси маломати сахти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, мақомоти шаҳрдорӣ ин ҳодисаро маҳкум намуда, дар ин робита ба тақвияти таблиғи корҳои тарбиявӣ миёни аҳолӣ талош хоҳад варзид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.