Фавти зан дар маркази пойтахт зери чархи автомашинаи донишҷӯи ДСРТ

Ронандаи автомашинаи тамғаи lexus NX Ғолибшоҳ Каттахонов зани 31-сола, сокини шаҳри Душанберо бо автомашиааш пахш намуд, ки дар натиҷа зан ҳалок шуд. Ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ шоми рӯзи 12 ноябр ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, занро пахш мекунад, ки дар натиҷа ӯ дар роҳ ба бемористон аз ҷароҳатҳои гирифтааш ба ҳалокат […]

Ронандаи автомашинаи тамғаи lexus NX Ғолибшоҳ Каттахонов зани 31-сола, сокини шаҳри Душанберо бо автомашиааш пахш намуд, ки дар натиҷа зан ҳалок шуд.

Ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ шоми рӯзи 12 ноябр ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, занро пахш мекунад, ки дар натиҷа ӯ дар роҳ ба бемористон аз ҷароҳатҳои гирифтааш ба ҳалокат расидааст.

Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳодиса дар роҳи ба истилоҳ “бетонка” рух дода, зан роҳро дар ҷойи манъшуда – буриши кӯчаҳои Шерозӣ ва Саид Носиров мегузаштааст.

Ғолибшоҳ Каттахонов донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон (ДСРТ) аст. Аз рӯи ин далел тафтиш оғоз гардида, тамоми ҳоллатҳои рух додани ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст, хабар медиҳад ВКД.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.