Роҳандозии ҳамкориҳо байни “Аввалин Бонки молиявии хурд” ва бонкҳои Ӯзбекистон

Дар доираи ҳамкориҳо оид ба маблағгузории тиҷоратӣ бо Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ҶСП “Авввалин Бонки молиявии хурд” дар кори конфронси “Ӯзбекистон – Маблағгузории тиҷоратӣ 2018”, ки рӯзҳои 7-8 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, ширкат варзид. Иштирок дар конфронси мазкур ба “Аввалин Бонки молиявии хурд” имкон дод, ки бо бонкҳои Ӯзбекистон ва дигар шарикони […]

Дар доираи ҳамкориҳо оид ба маблағгузории тиҷоратӣ бо Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ҶСП “Авввалин Бонки молиявии хурд” дар кори конфронси “Ӯзбекистон – Маблағгузории тиҷоратӣ 2018”, ки рӯзҳои 7-8 ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, ширкат варзид.

Иштирок дар конфронси мазкур ба “Аввалин Бонки молиявии хурд” имкон дод, ки бо бонкҳои Ӯзбекистон ва дигар шарикони хориҷӣ ҳамкориҳоро баҳри пешбурди минбаъдаи маблағгузории тиҷоратӣ ва мусоидат ба муштариён-соҳибкорон ҷиҳати тиҷорати фаъол бо шарикони хориҷӣ ба роҳ монад, ки дар навбати худ ба рушди иқтисоди кишвар мусоидат хоҳад кард.

Бонки аврупоии таҷдиду рушд тариқи маблағгузорӣ ва ташкили барномаҳои таълимӣ фаъолона рушди савдои байнулмилалиро дар Тоҷикистон дастгирӣ мекунад. Мисоли барҷастаи ин гуфтаҳо ифтитоҳи хати нав барои ҶСП “Аввалин Бонки молиявии хурд” дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА дар чаҳорчӯби Барномаи мусоидат ба рушди савдо мебошад.

“Аввалин Бонки молиявии хурд бо кумаки шабакаи умумимиллии худ иборат аз 7 филиал ва 30 маркази хизматрасонии бонкӣ тамоми маҷмӯи хизматгузориҳои бонкиро пешниҳод менамояд. Ин шабака тамоми вилоятҳои Тоҷикистон, бо шумули ноҳияҳои дурдастро низ фаро мегирад.

Қобили зикр аст, ки “Аввалин Бонки молиявии хурд” аз соли 2007 муштарии Бонки аврупоии таҷдиду рушд маҳсуб ёфта, дар ин давра ба амалисозии лоиҳаҳои БАТР таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд ва дар барномаҳои гуногуни ин Бонки аврупоӣ муваффақона иштирок кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.