БДА фаъолияти корхонаҳои нақлиёти ҷамъиятии Душанберо таҳти назорат мегирад

Asia-Plus

Раҳбарияти Раёсати БДА шаҳри Душанбе фаъолияти корхонаҳои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанберо зери назорат қарор медиҳад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати БДА дар шаҳри Душанбе, дар ин бора фармони дахлдори сардори РВКД Душанбе Шариф Назарзода содир шудааст.

Раёсати БДА шаҳри Душанбе фаъолияти ҳамаи 24 корхонаи машғул ба хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахтро қатъиян назорат хоҳад кард.

Фармон бо мақсади ба тартиб овардани кори нақлиёти ҷамъиятӣ, таъмини бехатрии мусофирондар роҳҳо ба имзо расида, ғайр аз ин, иқдоми мазкур ба пешгирии ҳолатҳои муносибати дағал ва дигар ҳаракатҳои майдаавбошона дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ равона гардидаст.

Мувофиқи ин фармон, ҳайати калони роҳбарикунандаи Шуъбаи БДА ва ҷузъу томҳои он дар ноҳияҳои пойтахт ба ҳама 24 адад ширкатҳои мусофиркашони ҷамъиятии дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷойгирбуда вобаста карда мешаванд.

Шахсони масъул ба таври доимӣ, на кам аз як маротиба давоми ҳар даҳрӯза ба корхонаю ташкилотҳои нақлиётии вобастагардида ташриф оварда, тибқи талаботи қонқгузорӣ, парвандаҳои назоратӣ оғоз ва маълумотҳои зарурӣ ҷамъ оварда, фаъолияти корхонаҳоро зери назорати қатъӣ қарор медиҳанд.

Кормандони ба ширкатҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ вобасташуда шахсан масъул буда, дар сурати рух додани чунин ҳодисаҳо нисбати масъулин (кормандони вобастагардида) ҷазоҳои сахти интизомӣ татбиқ карда мешаванд.

Гуфта мешавад, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе маҷмуан 148 ҳазору 786 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст, ки 27 ҳазору 661 адади онҳо ба таври дағалона аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ содир карда шудааст.

Ҳамчунин дар ин давра аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 18 адад садамаҳои роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 2-нафар ба ҳалокат расида, 16-нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.