Омӯзгори забони англисӣ барои ҷалби шогирдонаш ба ДИ маҳкум шуд

Asia-Plus

Суди шаҳри Душанбе омӯзгори забони англисӣ Ҷаҳонгир Қосимовро, ки шогирдонашро ҷиҳати узвият ба гурӯҳи террористии Давлати исломӣ (ДИ) ҷалб мекардааст, ба 19 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” муовини раиси суди шаҳри Душанбе Асомиддин Бобохонзода хабар дод, дар робита ба ин парвнада чанде аз шогирдони ӯ низ ба иттиҳоми ифротгароӣ маҳкум шудаанд.

Ҷаҳонгир Қосимов, омӯзгори 22-солаи забони англисии Донишкадаи забонҳо, сокини шаҳри Душанбе, моҳи июли имсол дастгир шуд. Мақомот ӯро айбдор карданд, ки дар зери ниқоби омӯзиши забони англисӣ наврасонро ба ифротгароӣ ҷалб кардааст, қайд мекунад дар ин робита Радиои Озодӣ.

Чаҳор шогирди навраси муаллим – Ҳоҷимуҳаммад Файзуллоев, Сафармуҳаммад Абдуназарзода, Мустафо Раҳматов, Ҳабибулло Давлатов – тобистони имсол дар роҳ ба сӯи Афғонистон боздошт шуда буданд. Мақомот гуфтанд, ин афрод қасд доштаанд, дар он сӯи Омӯ ба гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” бипайванданд. Маълум шуда буд, ки ин ҷавонон аз сӯи Қосимов ба Давлати исломӣ ҷалб шудаанд.

Зимни нишасти матбуотии моҳи июл сардори Раёсати минтақавии Агентии назорати маводи нашъаовар дар Кӯлоб Муҳаббат Абдуллозода дар ин маврид зикр карда буд, ки ҳамаи боздоштшудагон хатмкардагони мактабҳои таҳсилоти умумии Душанбе мебошанд. Падару модарони онҳо зодагони ноҳияҳои минтақаи ҷануб – Шамсиддини Шоҳин ва Лахш буда, наврасон аз волидон гӯё барои аёдати хешу ақрабояшон рухсат гирифтаанд.

Дар бораи нияти ба сафҳои Давлати исломӣ пайвастани онҳо кормандони мақомоти қудратӣ аз гуфтугӯҳои телефонии ҷавонон огоҳ шудаанд.

«Кормандони фаврии мақомот гуфтугӯҳои телефонии онҳоро бо намояндагони Давлати исломӣ дар Афғонистон гӯш кардаанд. Як рӯз пеш то кӯшиши гузаштани сарҳад, яке аз онҳо қитъаҳои марзро омӯхтааст, то ки барои гузаштан ҷойӣ бобу қулай интихоб кунад», – қайд карда буд Абдуллозода.

Наздикони маҳкумшудагон бо ҳукми суди шаҳр норозӣ буда, аз болои он шикоят бурданианд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.