Оғози нахустин Фестивали филмҳои фаронсавӣ дар Душанбе

Asia-Plus

Дар кинотеатри Ватан шоми рӯзи 19 ноябр аввалин Фестивали филмҳои фаронсавӣ, ки аз ҷониби Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ташкил шудааст, ифтитоҳ гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, дар ин бора ба рӯзноманигорон Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, иброз доштааст, ки Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ният дорад, ки лоиҳаҳои зиёдеро дар соҳаи синамо амалӣ гардонад.

Аз ҷумла онҳо кӯшиш доранд, ки робита ва ҳамкориро байни Тоҷикфилм ва Маркази миллии синамои Фаронса ба роҳ монанд.

Дар доираи Аввалин Фестивали филмҳои фаронсавӣ дар Душанбе аз 19 то 23 ноябри соли ҷорӣ ҳамарӯза соати 17:30 дар хонаи синамои Ватан филмҳои жанрашон мухталифи фаронсавӣ, ки дар солҳои гуногун наворбарборӣ шудаанд, манзури тамошобинон гардонида мешаванд.

Аз ҷумла филмҳои кӯтоҳметража ва пурраметража мисли «Саёҳат ба моҳ», «Номаҳои бонувон», «Кэ дОрсе», «Нафаре аз Рио» «Бел ва Себастян», «Хотирот» ки дар жанрҳои классика, мазҳака, саргузашт, драмаи мазҳакавӣ таҳия гардидаанд, манзури мухлисони санъати синамо гардонида мешаванд.

Даромад ба фестивал ройгон аст. Филмҳо бо забони фаронсавӣ бо субтитри русӣ ба маъраз гузошта мешаванд. «Мо ният дорем, ки тарҷумаи филмҳои фаронсавиро ба забони тоҷикӣ ба роҳ монем ва дар оянда филмҳоро бо субтитри тоҷикӣ пешкаши тамошобинон гардонем», – иброз дошт Сафири Фаронса дар Тоҷикистон.

Хонум Ясмин Гуедар инчунин гуфт, ки хонаи синамои Ватанро яке аз ҷойҳои зеботарини шаҳр меҳисобад ва хеле хурсанд аст, ки маҳз ҳамин мавзеъ барои баргузории Аввалин Фестивали филмҳои фаронсавӣ дар Душанбе интихоб шудааст.

Сафири Фаронса дар Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маркази фарҳангии «Бохтар» ва ба тамоми онҳое, ки дар ташкили ин фестивал ҳисса гузоштанд, изҳори сипос намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.