Оғози нахустин Фестивали филмҳои фаронсавӣ дар Душанбе

Дар кинотеатри Ватан шоми рӯзи 19 ноябр аввалин Фестивали филмҳои фаронсавӣ, ки аз ҷониби Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ташкил шудааст, ифтитоҳ гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, дар ин бора ба рӯзноманигорон Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, иброз доштааст, ки Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ният […]

Asia-Plus

Дар кинотеатри Ватан шоми рӯзи 19 ноябр аввалин Фестивали филмҳои фаронсавӣ, ки аз ҷониби Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ташкил шудааст, ифтитоҳ гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, дар ин бора ба рӯзноманигорон Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, иброз доштааст, ки Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ният дорад, ки лоиҳаҳои зиёдеро дар соҳаи синамо амалӣ гардонад.

Аз ҷумла онҳо кӯшиш доранд, ки робита ва ҳамкориро байни Тоҷикфилм ва Маркази миллии синамои Фаронса ба роҳ монанд.

Дар доираи Аввалин Фестивали филмҳои фаронсавӣ дар Душанбе аз 19 то 23 ноябри соли ҷорӣ ҳамарӯза соати 17:30 дар хонаи синамои Ватан филмҳои жанрашон мухталифи фаронсавӣ, ки дар солҳои гуногун наворбарборӣ шудаанд, манзури тамошобинон гардонида мешаванд.

Аз ҷумла филмҳои кӯтоҳметража ва пурраметража мисли «Саёҳат ба моҳ», «Номаҳои бонувон», «Кэ дОрсе», «Нафаре аз Рио» «Бел ва Себастян», «Хотирот» ки дар жанрҳои классика, мазҳака, саргузашт, драмаи мазҳакавӣ таҳия гардидаанд, манзури мухлисони санъати синамо гардонида мешаванд.

Даромад ба фестивал ройгон аст. Филмҳо бо забони фаронсавӣ бо субтитри русӣ ба маъраз гузошта мешаванд. «Мо ният дорем, ки тарҷумаи филмҳои фаронсавиро ба забони тоҷикӣ ба роҳ монем ва дар оянда филмҳоро бо субтитри тоҷикӣ пешкаши тамошобинон гардонем», – иброз дошт Сафири Фаронса дар Тоҷикистон.

Хонум Ясмин Гуедар инчунин гуфт, ки хонаи синамои Ватанро яке аз ҷойҳои зеботарини шаҳр меҳисобад ва хеле хурсанд аст, ки маҳз ҳамин мавзеъ барои баргузории Аввалин Фестивали филмҳои фаронсавӣ дар Душанбе интихоб шудааст.

Сафири Фаронса дар Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маркази фарҳангии «Бохтар» ва ба тамоми онҳое, ки дар ташкили ин фестивал ҳисса гузоштанд, изҳори сипос намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.