Ширкатҳои Чину Ӯзбекистон ва Туркманистон аз пардохти андоз озод мешаванд

Ҳукумат пешниҳод кардааст, ки ба лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2019” дар мавриди пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ба ду ширкати Чин, ду ширкати Ӯзбекистон ва як ширкати Туркманистон, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мактабу бемористон месозанд, тағйирот ворид шавад. Сохтмони мактабҳо дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод ва деҳаи Чордараи шаҳри Ваҳдат, ки ширкати […]

Аваз Юлдошев

Ҳукумат пешниҳод кардааст, ки ба лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2019” дар мавриди пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ба ду ширкати Чин, ду ширкати Ӯзбекистон ва як ширкати Туркманистон, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мактабу бемористон месозанд, тағйирот ворид шавад.

Сохтмони мактабҳо дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод ва деҳаи Чордараи шаҳри Ваҳдат, ки ширкати чинии “ТВЕА” месозад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилӣ ва андоз аз фоида озод мешаванд.

Ба ширкати дигари Чин – «Синохайдро», ки дар шаҳрҳои Бохтару Леваканд ва ноҳияи Данғара мактаб месозад, низ чунин имтиёзҳо дода мешаванд.

Сохтмони мактаб барои 540 ҷойи нишаст дар хоҷагии Эргаш Султонови ноҳияи Дӯстӣ аз ҷониби сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон низ аз чунин имтиёзҳо бархӯрдор хоҳад шуд.

Сохтмони мактаб барои 630 ҷойи нишаст дар ноҳияи Спитамен ва маҷмааи тандурустӣ дар ноҳияи Қубодиён аз ҷониби ширкатҳои Ӯзбекистон низ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилӣ ва андоз аз фоида озод мешаванд.

Ғайр аз ин, воридоти молу маҳсулот аз ҷониби фармоишгарон ва паймонкорони кулл барои сохтмони иншооти дар боло зикршуда аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ тибқи номгӯй ва ҳаҷми тасдиқшуда аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон озод карда мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.