Ҷалби 777 млн. доллар барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки давоми се соли наздик дар доираи Барномаи давлатии қарзҳои беруна наздики 777 млн. доллар маблағ ҷалб намояд. Ҳамин тариқ, соли 2019 ҷалби 261,8 млн., соли 2020 – 255,9 млн. ва соли 2021 – 258,6 млн. доллар маблағ дар назар аст. Барномаи давлатии қарзҳои хориҷӣ айни замон аз 75 лоиҳаи амалкунандаи […]

Пайрав Чоршнабиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки давоми се соли наздик дар доираи Барномаи давлатии қарзҳои беруна наздики 777 млн. доллар маблағ ҷалб намояд. Ҳамин тариқ, соли 2019 ҷалби 261,8 млн., соли 2020 – 255,9 млн. ва соли 2021 – 258,6 млн. доллар маблағ дар назар аст.

Барномаи давлатии қарзҳои хориҷӣ айни замон аз 75 лоиҳаи амалкунандаи қарзӣ ва 67 созишномаи қарзии дар марҳилаи лоиҳакашӣ қарордошта иборат аст.

Арзиши умумии қарзҳои азхудшуда тибқи Барномаи мазкур то санаи 1 январи ҳамин сол 990 млн. долларро ташкил медиҳад.

Давоми соли равон азхудкунии воситаҳо дар доираи ин Барнома дар ҳаҷми 121,4 млн. доллар пешбинӣ шудааст.

Қарзҳо барои анҷоми лоиҳаҳое, ки дар кишвар мавриди амалишавӣ қарор доранд, ҷалб мешаванд. Қарзгир ҳукумат буда, лекин онро субъектҳои хоҷагидори кишвар бармегардонанд.

Ба сифати маблағгузорони асосӣ ба Барнома давоми се соли наздик Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва Бонки осиёгии рушд баррасӣ мешаванд.

Ҳукумат аз иштироки Бонки аврупоии таҷдиду рушд дар маблағгузории 17 лоиҳа дар ҳаҷми умумии наздики 177 млн. доллар интизорӣ дорад.

Бонки аврупоии таҷдиду рушд пешниҳоди қариб 75 млн. доллар барои амалисозии 24 лоиҳаро баррасӣ дорад.

Бонки ҷаҳонӣ ҷудо кардани беш аз 135 млн. ва Бонки осиёгии рушд – зиёда аз 70 млн. доллар маблағро дар нақша доранд.

Ҳамчунин аз маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷониби Фонди Саудии рушд, Фонди Кувейтии рушд, Бонки содиротӣ ва воридотии Чин, Бонки аврупоии сармоягузорӣ ва дигар кишварҳову созмонҳои мададрасон низ интизорӣ меравад.

Дар доираи амалисозии ин Барнома даволми солҳои сипаришуда Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Бонки содиротӣ ва воридотии Чин – беш аз 237 млн., Бонки аврупоии таҷдиду рушд – зиёда аз 85 млн. ва Бонки исломии рушд – наздики 73 млн. доллар маблағ гирифтааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1931 – Корхонаи шароббарории Душанбе, ки нахустин завод дар қисмати марказии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ба истифода дода шуд. Соли 1957 – Аввалин...

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.