Дархости бештари квотаҳо аз ИА барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик

Asia-Plus

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мэрилин Йосефсонро  бо хоҳиши ӯ  ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот фаъолияти ӯро баҳри тавсеа, тақвият, таҳким ва рушди робитаҳои судманд дар татбиқи барномаҳои муштараки байнидавлатию байнипарламентӣ дар кишвар муҳим арзёбӣ намуд.

Тавре Наврӯз Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО хабар дод, ҳамзамон, қайд карда шуд, ки Иттиҳоди Аврупо ҳамчун яке аз шарикони муҳим арзёбӣ мегардад ва мо маҷмуъан оид ба рушди ҳамкориҳои дарозмуддати доимии дуҷонибаю минтақавии иқтисодию иҷтимоӣ ва густариши робитаҳо дар доираи Кумита оид ба ҳамкории байнипарлумонӣ манфиатдор ва назари нек дорем.

Илова бар ин, қайд карда шуд, ки мо барои идомабахшии  барномаи нави бисёрсолаи Иттиҳоди Аврупо, ки соли 2020 оғоз меёбад, ҳамраъй буда, умедворем, ки он бахшҳои муҳими иқтисоди моро низ фаро хоҳад гирифт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷараёни мулоқот саҳми дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро дар таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва пешгирии зуҳуроти номатлуб, амсоли терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташакилона, гардиши ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддирро мавриди баррасӣ қарор дода, изҳор намуд, ки бо инобати  дар сарҳади ҷанубии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ҷойгир будани кишвари мо, масъалаи тақвияти пайвастаи ҳифзи сарҳади Тоҷикистон ва бо ин мақсад баҳри бо таҷҳизоти муосири техникии сарҳадбонӣ ва таъмини шароитҳои моддию фаннии сарҳадбонон сафарбар кардани имкониятҳои инноватсионию муосири кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо амри воқеӣ мебошад. 

Бо назардошти таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо Раиси Маҷлиси миллӣ пайгирона ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунҷабҳаро дар бахшҳои гуногун, пеш аз ҳама иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг, технологияҳои инноватсионӣ, соҳаи сайёҳӣ, бахусус куҳнавардӣ, ҷудо намудани бурсияҳо (квотаҳо)-и бештар барои таҳсил ва такмили  малакаи касбии мутахассисони тоҷикистонӣ дар донишкадаю донишгоҳҳои Аврупо барои донишҷӯёни ҷавону болаёқати тоҷик ва табодули афкори мутақобилан судманди онҳоро ҳамчун тақозои замон пешниҳод намуда, изҳор дошт, ки барои рушди бефосилаи ҳамкориҳои  минбаъдаи байнипараламентӣ, мо омода ҳастем тадбирҳои судовар андешем ва умедворем, ки шумо ҳамчун сафири Иттиҳоди Аврупо барои баланд бардоштани  сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Иттиҳоди Аврупо ва Парлумони Аврупо фаъолияти густардаро амалӣ хоҳед намуд.

Дар навбати худ Сафири намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мэрилин Йосефсон аз пазироии самимӣ ва муҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос намуда, афзуд, ки барои ҳамкории боз ҳам судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон омода буда, талош меварзад бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадоштааш баҳри тақвияти бештари ҳамкориҳо дар ҳама самтҳои муаррифишуда тадбирҳои мушаххасро анҷом диҳад.

Мавриди зикр аст, ки ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва парлумони Аврупо моҳи октябри соли 2003 оғоз ёфта, то имрӯз муколамаҳои мутақобила мунтазам роҳандозӣ гардидаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...