Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати донишҷӯи гунаҳкори садамаи марговар дар маркази пойтахт

Нисбати Ғолибшоҳ Каттахонови 19-сола мувофиқи моддаи 212, қисми 2 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон, расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ШБДА РВКД шаҳри Душанбе. Дар ин моддаи ҷазои маҳрум сохтан […]

Asia-Plus

Нисбати Ғолибшоҳ Каттахонови 19-сола мувофиқи моддаи 212, қисми 2 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон, расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ШБДА РВКД шаҳри Душанбе.

Дар ин моддаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян  ё машғул шудан бо фаъоляти муайян  ба муҳлати то панҷ сол пешбинӣ шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, ба тафтиши парвандаи ҷиноятии мазкур Раёсати тафтишоти ВКД Тоҷикистон машғул аст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 12 ноябр ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ ронандаи автомашинаи тамғаи lexus NX Ғолибшоҳ Каттахонов зани 31-сола, сокини шаҳри Душанберо бо автомашинааш пахш намуд, ки дар натиҷа зан дар роҳ ба бемористон ҳалок шуд.

Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дода буд, ҳодиса дар роҳи ба истилоҳ “бетонка” рух дода, зан роҳро дар ҷойи манъшуда – буриши кӯчаҳои Шерозӣ ва Саид Носиров мегузаштааст.

Тибқи маълумоти дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, тӯли 10 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 109 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 337 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 157 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Қайд мешавад, ки дар ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 138 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 389 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 184 тани дигар ҷароҳат бардошта буданд.

Қобили зикр аст, ки бо ибтикори Созмони Милали Муттаҳид шурӯъ аз соли 2003 ҳар якшанбеи сеюми моҳи декабр Рӯзи байнулмилалии ҷабрдидагон аз ҳодисаҳои садамаи нақлиёт таҷлил мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.