Шаҳрдории Душанбе ҳамаро ба ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ даъват мекунад

Дар чорабинии асосӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон аз иштироки беш аз 4 ҳазор нафар сокинону меҳмонони пойтахт интизорӣ меравад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод, чорабинии мазкур соати 10-и субҳи 24 ноябр дар майдони Парчами давлатии ҷумҳурӣ оғоз гардида, дар он ҳунармандони шинохтаи кишвар иштирок мекунанд. Ғайр аз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар чорабинии асосӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон аз иштироки беш аз 4 ҳазор нафар сокинону меҳмонони пойтахт интизорӣ меравад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод, чорабинии мазкур соати 10-и субҳи 24 ноябр дар майдони Парчами давлатии ҷумҳурӣ оғоз гардида, дар он ҳунармандони шинохтаи кишвар иштирок мекунанд.

Ғайр аз ин, дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ байни толибилмони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт дар мавзӯи “Парчами Тоҷикистон ситораи раҳнамои мо” озмуни беҳтарин иншо гузаронида мешавад.

Мақомоти шаҳрдорӣ ба тамоми ташкилоту корхонаҳои пойтахт сарфи назар аз шакли моликият, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯз биноҳои худро ба таври идона зебу зинат диҳанд.

Бо дастури раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, ҳамаи хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе бо парчамҳои давлатии Тоҷикистон оро дода мешаванд.

Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар пойтахт чорабиниҳои варзишӣ, барномаҳои консертӣ ва маҷлису мизҳои гирд баргузор мешаванд.

Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамасола санаи 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Ин сана расман соли 2009 бо фармони Президент тасдиқ шуд. Ҷашн бидуни рӯзи истироҳат таҷлил мегардад.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе дар поягоҳ бо баландии 165 метр парчами миллии Тоҷикистон барафрохта шуд, ки он дар китоби рекордҳои Гиннес сабт гардид. Дарозии парчам 50 ва паҳноиаш ба 30 метр баробар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.