Намояндаи Русия маъракаи интихоби президенти Интерполро бохт

Ким Чен Ян – намояндаи Куриёи Ҷанубӣ президенти Интерпол интихоб шуд. Ӯро дар конфронси Дубай ба ин мақом интихоб карданд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, аз номзадии Ким Чен Ян 98 узви Маҷмаи кулли Интерпол ҳимоят карданд. Номзади дувум – намояндаи Русия Александр Прокопчук – ҳамагӣ 64 райъ гирифт. Гуфта мешавад, ИМА, Украина, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ким Чен Ян – намояндаи Куриёи Ҷанубӣ президенти Интерпол интихоб шуд. Ӯро дар конфронси Дубай ба ин мақом интихоб карданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, аз номзадии Ким Чен Ян 98 узви Маҷмаи кулли Интерпол ҳимоят карданд. Номзади дувум – намояндаи Русия Александр Прокопчук – ҳамагӣ 64 райъ гирифт.

Гуфта мешавад, ИМА, Украина, Литва, намояндаи мухолифони Русия, инчунин сармоядори бритониёӣ Уилям Браудер, ки аз сӯи мақомоти Русия таъқиб мешавад, зидди номзадии намояндаи ин кишвар эътироз карданд.

Онҳо гуфтанд, Созмони байналхалқии пулиси ҷиноӣ (Интерпол)-ро наметавонад намояндаи кишваре роҳбарӣ кунад, ки ҳуқуқи байналхалқиро риоя намекунад. Рақибони Прокопчук ҳамчунин аз он нигарон буданд, ки Русия метавонад аз мақоми намояндааш барои таъқиби мухолифон истифода барад.

Зимнан зикр мегардад, ки Ким Чен Ян то замони интихоб шуданаш ба ин мақом иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Интерпол буд. Вай баъди истеъфои президенти пешини Интерпол – Мэн Хунвэй ба ин мақом нишаст. Мэн Хунвэй бо гумони фасодкорӣ дар Чин боздошт шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.