Расидем… Мақоми охирини Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи суръати интернет

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар рейтинги навшудаи Speedtest Global Index (маълумоти моҳи октябри соли 2018) аз рӯи суръати интернет Тоҷикистон дар зинаи охир қарор гирифт.

Аз нигоҳи суръати интернети мобилӣ муаллифони раддбандӣ Тоҷикистонро баъди Афғонистон (123-юм) дар зинаи 124-ум гузоштаанд. Байни кишварҳои ИДМ Қазоқистон дар ин феҳрист мақоми 74, Русия – 80, Қиргизистон – 94 ва Ӯзбекистон – зинаи 110-умро касб кардаанд.

Да раддбандии мазкур дар бораи суръати интернети ноқилӣ низ маълумот оварда шуда, лекин Тоҷикистон дар ин бахш рейтинг шомил нашудааст.  

Тибқи маълумоти Internetlivestats (сомонаи омор дар вақти воқеӣ дар саросари ҷаҳон), аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 шумори корбарони интернет аз лиҳози шумор умумиии аҳолӣ дар Қирғизистон – 34%, Ӯзбекистон – 51%, Қазоқистон – 55%-ро ташкил дода, танҳо Туркмнистон (14,5%) ва Афғонистон (6,8%) дар мақоми пасттар аз Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

Сабаби буҳрони соҳа дар чист?

Сабабҳо зиёданд. Дар бораи яке аз онҳо раиси Ассосиатсияи операторони алоқаи мобилӣ Ғафур Эркаев изҳори назар кард:

– Сохторҳои давлатии Тоҷикистон бо ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои гуногун дар корбарии технологияҳои муосир ба рақобатпазирии бозори ватанӣ дар сатҳи минтақавӣ зиёни осебнопазир мерасонанд. Дар ҳамин ҳол, Стратегияи милии рушди технологияҳои Тоҷикистон дар навбати аввал ба рушди соҳаи телекоммуникатсионӣ нигаронида шудааст.

– Коҳиши сунъии шумори корбарон ба камшавии  даромади бозор ва оқибатҳои манфӣ боис гардида, бо истифода аз ин фурсат бозорҳои кишварҳои дигар бо пешниҳоди молу хизматгузории бештар дастрас сатҳи фарогириро аз ҳисоби дигар давлатҳо зиёд мекунанд, – мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин росто вилояти Суғд мисол шуда метавонад, ки операторони Қирғизистон ҷиҳати пешниҳоди алоқаи мобилӣ ва интернет бо тарифҳои пасттар ба муштриён аз Тоҷикистон имкон доранд.

Коршинос таъкид дошт, ки фароҳам сохтани муҳити муосир ва рақобатпазири иттилоотӣ дар кишвар ҳадафи аслии тамоми соҳаи алоқа маҳсуб меёбад.

– “Тоҷиктелеком” ба сифати оператори Маркази ягонаи коммуникатсионӣ, ки фароҳамсози ягонаи интернет барои ҳамаи операторон мебошад, натанҳо ба дигар ҳадафҳои муҳими стратегӣ, балки ба худи ҳадафи Стратегия миллии рушд мухолифат дорад, – иброз дошт Эркаев.

Дар мисоли кишварҳои ҳамсоя ӯ изҳор намуд, ки ҳадафи аслӣ дар роҳандозии сиёсати дастрасӣ ба шабакаи интернети арзону боэътимод ва хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ ифода меёбад.

– Мавҷуд будани фароҳамсози (таҳвилгари) алтернативии Интернет аз ҳамсоякишварҳо ба оператрони хусусӣ имкон медиҳад, ки ба тақвияти рақобатпазирии бозори ватании телекоммуникатсионӣ ва тавсеъаи минбаъдаи он дар сатҳи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ноил гарданд, – илова намуд коршинос.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...