Иззатулло Шарифзода аз вазифаи Сардори СИҶҶ Вазорати адлия озод карда шуд

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Шарифзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини Вазир — Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Мансурҷон Умаров, ки то имрӯз дар вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фаъолият дошт, муовини Вазир — Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои […]

Asia-Plus

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Шарифзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини Вазир — Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Мансурҷон Умаров, ки то имрӯз дар вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фаъолият дошт, муовини Вазир — Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.

Иззатулло Шарифзода дар пасманзари ошӯби шаби 8 ноябри маҳбусон дар муассисаи ислоҳии №3/3-и шаҳри Хуҷанд, ки дар натиҷаи он ду зиндонбон ва 21 маҳбус кушта шуд, аз вазифа барканор мегардид.

Инчунин, бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Табарзода – Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Шодихон Ҷамшед, ки чанде пеш аз вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод шуда буд, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Тоҷикобод, Данғара, Ховалинг ва ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз вазифаҳояшон озод гардида, Маҳаммадраҳим Юсуфӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Рустам Акрамзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ, Ҳамидулло Маҳмадшозода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод, Раҳмон Исломиддин Хайриддин – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва Парвиз Акрамзода – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъйин гардиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.