Беларус футболбози тоҷикро бозпас ба Украина фиристод

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Мақомоти Беларус Парвиз Турсунов, футболбози собиқи тими “Хайр”-и шаҳри Ваҳдатро, ки дар Тоҷикистон ба ифротгароӣ айбдор мешавад, озод карда, ба Украина бозпас фиристоданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Турсунов 28 ноябр гуфтааст, ӯро ба шарти бозгашт ба Украина раҳо карда, ба мақомоти Беларус ҳеҷ эътироз надорад.

"Онҳо бар асоси созишномаҳои миёни кишварҳои муштаракулманофеъ амал карданд. Вақти сафар ба Белорус намедонистам, ки дар кишварҳои муштаракулманофеъ таҳти ҷустуҷӯ ҳастам. Фақат ҳаминро медонистам, ки Интерпол аз паси ман нест. Чаро мақомоти Беларус маро ба Тоҷикистон надоданд. Тавре ба ман гуфтанд, барои чунин кор асосе вуҷуд надошт. Маро ба кишваре мефиристанд, ки аз онҷо ба Белорус омадам. Акнун ман 10 сол ба кишвари шумо омада наметавонам", – қайд кардааст ӯ.

Гуфта мешавад, Турсунов ҳафт сол пеш барои риши дарозаш аз ҳайати тими “Хайр”-и Ваҳдат берун андохта шуд ва тавре хонаводааш мегӯянд, ҳафт соли охир дар Дубай ва Туркия зиндагӣ мекард ва 18-уми сентябри имсол ҳангоми кӯшиш барои муҳоҷират дар фурудгоҳи Минск дастгир шуд.

Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 22-юми феврали 2018 алайҳи Парвиз Турсунов бар асоси банди “Даъвати оммавӣ барои фаъолияти экстремистӣ” парванда боз кард. Ин парванда дар ҳоле боз шуд, ки Турсунов бо ҳамсар ва чаҳор кӯдакаш дар Туркия ба сар мебурд.

Мақомот ҷузъиёти парвандаи Турсуновро боз накарданд ва маълум нест, ки ӯ чӣ гуна ва киро ба тундгароӣ даъват кардааст.

Исми Парвиз Турсунови 43-сола, ки яке аз футболбозони асосии тими “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат буд, ҳафт сол пеш ба далели риши дарозаш расонаӣ шуд. Он замон ӯ ба бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон роҳ наёфт ва барои риш тарк кардани футбол, Парвиз дар сархати ахбори расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт. Ин футболбози ришдарози тоҷик, ки бо шеваи пӯшиши либоси варзишӣ ҳам аз дигарон фарқ мекард ва ҳамеша аз зери шортиҳои футболбозӣ таҳпӯши сиёҳ дошт, гуфта буд, баъд аз хондани Қуръон қарор кард, ки тамоми қонунҳои исломро риоя кунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...