Намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандзанони водии Зарафшон дар Душанбе

Дар меҳмонхонаи “Хилтон” рӯзҳои 29-30 ноябр маросими муаррифии маҷмӯаи “Кӯҳистон” ва намоишгоҳ-фурӯши маснӯоти ҳунармандӣ ва косибӣ баргузор мешавад. Ин чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Ассосиатсияи рушди сайёҳӣ дар Зарафшон” дар доираи амалисозии лоиҳаи “Фарҳангро эҳё намуда, оянда месозем” (Возрождаем культуру – строим будущее) доир гардида, маблағгузории онро сафорати Финландия ба дӯш гирифтааст. Намоишгоҳ бо мақсади […]

Олег Буличев, махсус барои Asia Plus.

Дар меҳмонхонаи “Хилтон” рӯзҳои 29-30 ноябр маросими муаррифии маҷмӯаи “Кӯҳистон” ва намоишгоҳ-фурӯши маснӯоти ҳунармандӣ ва косибӣ баргузор мешавад.

Ин чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Ассосиатсияи рушди сайёҳӣ дар Зарафшон” дар доираи амалисозии лоиҳаи “Фарҳангро эҳё намуда, оянда месозем” (Возрождаем культуру – строим будущее) доир гардида, маблағгузории онро сафорати Финландия ба дӯш гирифтааст.

Намоишгоҳ бо мақсади пешбурди ҳунарҳои мардумиву косибӣ ва сайёҳӣ дар водии Зарафшон, беҳбуди қобилият ва малакаҳои соҳибкорӣ байни занони сокинони деҳот, ҳамчунин шиносоии аҳолии шаҳр бо ҳаёт ва рӯзгор занони кӯҳистон гузаронида мешавад.

Дар ҳошияи кори чорабинӣ маросими муаррифии маҷмӯаи “Кӯҳистон” баргузор мегардад, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур таҳия шудааст. Маҷмӯа аз маснӯоти дараҷаи Home Décor ва Accessory иборат аст, ки дар онҳо аз гулдӯзии сӯзанӣ, гилему қолинбофии омехта бо чарм истифода шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.