Маълумоти “МегаФон Тоҷикистон” ба дорусозони оянда оид ба имкониятҳои интернет

Иттилоияи расмӣ

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” амалинамоии силсилаи дарсҳои омӯзиширо идома дода, дар рафти онҳо сокинони навоҳии дурдасти вилояти Хатлон доир ба имкониятҳои Шабакаи ҷаҳонӣ, инчунин роҳҳои сарфаи маблағ бо ёрии замимаи “МегаФон Life” маълумотҳо мегиранд. Вохӯрии навбатӣ, ки ин бор донишҷӯёни омӯзишгоҳи фарматсевтиро ба ҳам овард, дар ноҳияи Ёвон доир гардид. 

“Интернет дар барои соҳаи тандурустӣ имкониятҳои навро мекушояд. Теъдоди ҳарчи бештари одамон машварати духтуронро тариқи онлайн мегиранд. Порталҳои хизматрасониҳои давлатӣ имкон медиҳанд, ки ба қабули онҳо дар дилхоҳ вақти барояшон қулай худро сабти ном кунанд. Дар сомонаҳои ширкатҳои дорубарорӣ метавон маълумотро дар бораи доруҳо ва нархи онҳо дастрас намуда, маводи заруриро фармоиш дод. Хулоса, дар ҷаҳони муосир духтурон бояд истифодабарандаи фаъоли интернет бошанд, доштани маълумот дар бораи имкониятҳои Шабакаи ҷаҳонӣ барои донишҷӯёне, ки масъулият барои тибби оянда бар зиммаи онҳо вогузор шудааст, махсусан муҳим аст. Ташаккур ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои маслиҳатҳо ва маълумот оид ба манбаъҳои муфид!” – мегӯяд директори омӯзишгоҳи фарматсевтӣ Хусрав БОБОБЕКОВ.

Донишҷӯёни омӯзишгоҳ алоқаи мобилиро фаъолона истифода мебаранд, барои ҳамин ба онҳо донистани воситаҳои сарфакунии маблағ аз ҳисоби зангҳо ё идоракунии мустақилонаи хизматрасониҳояшон хеле ҷолиб буд. PR-менеҷери ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Беҳрӯз Сафаров дар бораи замимаи “МегаФон Life” маълумот дода, пешниҳоди воридшавӣ ба якчанд сомонаҳои муфидро намуд. Дастрасии босуръат ба интернет дар синфхона бо ёрии Wi-Fi-роутер ташкил карда шуд. Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиёни фаъол бо бастаҳои интернетӣ аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” мукофотонида шуданд.

“Бо инкишофи шабака дар ноҳияҳо мо дар бобати таъмини муштариёнамон бо хизматрасониҳои мобилӣ тавассути алоқаи худ фикру андеша менамоем.  Агар қаблан дар ҳолатҳои таъҷилӣ бурдани бемор ба деҳаи ҳамсоя ё сарфкунии вақт барои овардани духтур зарур меомада бошад, айни замон метавон тариқи телефон машварати духтурро гирифта, алоқаи видеоиро ташкил карда фавран ёрии лозимиро расонид. Мутмаинем, донишҳоеро, ки мо ба ба донишҷӯёни омӯзишгоҳ мерасонем, ба онҳо имкон медиҳанд, ки бо диди нав ба касби худ бингаранд. Ин дар таҷрибаи минбаъдаи донишҷӯён ҳангоми сарукор бо беморон муфид хоҳад буд” – изҳор дошт дар ҷамъбасти вохӯрӣ роҳбари Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...