Муҳаммадрофеи Кароматуллоҳ консерт барпо мекунад. Бе Нозия

Муҳаммадрофеи Кароматуллоҳ, писари овозхони маъруф Кароматуллоҳи Қурбон, ки имрӯз 57-сола мешуд, ба хотири ёдбуди падараш консерт барпо мекунад. Консерт таҳти унвони “Қиссаи дарё” имрӯз, 29 ноябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев доир мегардад. Тавре овозхон ваъда дод, дар консерт мухлисони эҷоди ӯро таронаҳо ва симои нав интизоранд. Санаи 28 ноябр ӯ дар […]

Asia-Plus

Муҳаммадрофеи Кароматуллоҳ, писари овозхони маъруф Кароматуллоҳи Қурбон, ки имрӯз 57-сола мешуд, ба хотири ёдбуди падараш консерт барпо мекунад.

Консерт таҳти унвони “Қиссаи дарё” имрӯз, 29 ноябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев доир мегардад.

Тавре овозхон ваъда дод, дар консерт мухлисони эҷоди ӯро таронаҳо ва симои нав интизоранд. Санаи 28 ноябр ӯ дар барномаи радиои “Азия-Плюс” иштирок карда, дар бораи ҷузъиёти консерт маълумот дод.

“Ба консерт ҷиддӣ омодагӣ мегирам, аммо Нозия дар консерт иштирок намекунад. Ҳар сол мо ба хотир ёдбуди падар консерти муштарак барпо мекардем, лекин имсол Нозия дар шаҳр нест ва муваққатан ба саҳна баромада наметавонад”, – хабар дод овозхон.

Бо вуҷуди ин чанде қабл фарзандони овозхон ба таронаи падарашон “Ишқи рӯҳафзо” клип таҳия намуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.