Баррасии дурнамои рушди муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода имрӯз ба шаҳр Брюссел раҳсипор шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, ин сафар бо даъвати парламенти Аврупо ва парламенти  Шоҳигарии Белгия барои иштирок дар ҷаласаи ҳафтуми  кумитаи ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон-Иттиҳоди Аврупо ва мулоқотҳои гуруҳҳои дӯстии парламенти  Белгия ва Маҷлиси […]

Asia-Plus

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода имрӯз ба шаҳр Брюссел раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, ин сафар бо даъвати парламенти Аврупо ва парламенти  Шоҳигарии Белгия барои иштирок дар ҷаласаи ҳафтуми  кумитаи ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон-Иттиҳоди Аврупо ва мулоқотҳои гуруҳҳои дӯстии парламенти  Белгия ва Маҷлиси намояндагон  сурат мегирад.

Гуфта мешавад, сафари мазкур то рӯзи 1-декабри соли ҷорӣ  идома ёфта,  вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳузури иштирокчиёни ҷаласа баромад мекунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ба ҳайат ҳамчунин Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷӯрахон Маҷидзода,  вакилони мардумӣ Насиба Содиқова, Ҳоким Холиқзода, Ҷаббор Ахмедов ва Шарофиддин Сироҷов шомиланд.

Иштирокчиёни ҷаласаи кумитаи ҳамкории парлумони Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар мавриди масоили муҳими байнулмилалӣ ва мушкилоти минтақавӣ, аз қабили мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, терроризм, ифротгароӣ ва коррупсия, ҳамчунин оид ба вазъ дар Афғонистон, ҳифзи сарҳад ва масоили ҳадафҳои афзалиятноки Тоҷикистон – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ табодули назар мекунанд.

Бо ҳамтоёни худ аз парлумони Белгия вакилони тоҷик дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи парламентаризмро баррасӣ мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.