Намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандзанони водии Зарафшон дар Душанбе

Date:

Дар меҳмонхонаи “Хилтон” рӯзҳои 29-30 ноябр маросими муаррифии маҷмӯаи “Кӯҳистон” ва намоишгоҳ-фурӯши маснӯоти ҳунармандӣ ва косибӣ баргузор мешавад.

Ин чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Ассосиатсияи рушди сайёҳӣ дар Зарафшон” дар доираи амалисозии лоиҳаи “Фарҳангро эҳё намуда, оянда месозем” (Возрождаем культуру – строим будущее) доир гардида, маблағгузории онро сафорати Финландия ба дӯш гирифтааст.

Намоишгоҳ бо мақсади пешбурди ҳунарҳои мардумиву косибӣ ва сайёҳӣ дар водии Зарафшон, беҳбуди қобилият ва малакаҳои соҳибкорӣ байни занони сокинони деҳот, ҳамчунин шиносоии аҳолии шаҳр бо ҳаёт ва рӯзгор занони кӯҳистон гузаронида мешавад.

Дар ҳошияи кори чорабинӣ маросими муаррифии маҷмӯаи “Кӯҳистон” баргузор мегардад, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур таҳия шудааст. Маҷмӯа аз маснӯоти дараҷаи Home Décor ва Accessory иборат аст, ки дар онҳо аз гулдӯзии сӯзанӣ, гилему қолинбофии омехта бо чарм истифода шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...