Владимир Путин ба Алишер Усмонов орден тақдим намуд

Asia-Plus

27 ноябри соли равон дар толори Екатеринаи Кремл Президенти Русия Владимир Путин ба миллиардери ӯзбек Алишер Усмонов, ки солҳои дароз дар Русия зиндагӣ ва тиҷорат мекунад, ордени «Барои хизмати шоиста дар назди Ватан» дараҷаи III («За заслуги перед Отечеством» III степени) тақдим намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Президенти Русия.

Алишер Усмонов, ки маҷаллаи бонуфузи Forbes дороии ӯро 12,5 млрд. доллар баҳогузорӣ намудааст, “барои саҳми бузург гузоштан дар рушди иқтисод, фарҳанг ва варзиши Русия” бо чунин мукофоти давлатӣ қадрдонӣ гардид.

Алишер Усмонов дар маросими тақдими ҷоизаҳо гуфт: “Ман аз номи худ ва аҳли кормандон, ҳамаи варзишгарони Федератсияи шамшербозон, ки имрӯз ман онро роҳбарӣ мекунам, ба Президент барои чунин баҳои баланд, миннатдории беандоза баён мекунам. Аз номи ҳамаи кормандони ду ширкати бузург – “Металлинвест” ва “Мегафон” низ ташаккур мегӯям. Хушбахтона, имкон дорам, ки аз номи ҳамдиёрони худ, аз номи тамоми мардуми Ӯзбекистон, ки ман онҷо таваллуд шудаам, аз номи Президент муҳтарам ҷаноби Мирзиёев то шаҳрванди оддӣ, барои дастгирии бародаронаи Шумо ташаккур гӯям”.

Инчунин, ҳамсари Алишер Усмонов Ирина Винер – Усмонова низ ҳамчун сармураббии дастаи мунтахаби Русия оид ба гимнастикаи бадеӣ бо ордени «Барои хизмати шоиста дар назди Ватан» дараҷаи II («За заслуги перед Отечеством» II степени) мукофонида шуд. Дар фармони президент омадааст, ки ӯ “барои саҳми назаррас дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва фаъолияти босамари тӯлонӣ” бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ мегардад.

Владимир Путин ҳамчунин ба кормандони соҳаи саноат, хоҷагии қишлоқ, илм, маориф, тандурустӣ, варзишгарон ва кайҳоннавардон мукофотҳои давлатӣ тақдим намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...