Идомаи лоиҳаи Tcell доир ба тавсеа ва тақвияти шабака дар саросари Тоҷикистон

Иттилоияи расмӣ

Ширкати Tcell ҳамчунон ба беҳбуд ва навсозии шабака идома медиҳад. Навовариҳои ахир ба ноҳияҳои тобеъи марказ рост омаданд: дар Рашт, Тоҷикобод ва ноҳияи Лахш 9 пойгоҳи ҷадиди стандарти 3G насб гардид!

Бо шарофати пойгоҳҳои нави мавҷрасон дар 37 деҳаи ин навоҳӣ наздик ба 38.000 нафар дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернетро пайдо карданд. Ба воситаи интернети баландсуръати мобилӣ, сокинони ин манотиқ ба манбаъ ва сарчашмаҳои бузурги иттилотӣ даст ёфта, ҳамеша бо хонаводаву наздиконашон дар тамос боқӣ мемонанд,   аз ҷумла тавассути барномаи «Чӣ Гап» аз Tcell.

«Tcell лоиҳаи бозсозӣ ва таҷдиди шабакаашро дар манотиқи кишвар идома мебахшад. Мо талош мекунем, ки ҳама сокинони Тоҷикистонро, ҳатто дар дурдасттарин нуқтаи аҳолинишину камнуфус ҳам бо иртиботи боэътимод таъмин намоем. Пойгоҳҳои нави стандарти 3G дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ҳудуди бисёр аз рустоҳои водиро бо иртибот таъмин менамоянд. Таври мисол, дар яке аз майдатрин рустоҳои минтақа ҳамагӣ 134 нафар зиндагӣ мекунанд. Пас аз таҷдиду бозсозии шабака онҳо аз дастрасӣ ба иттилоъ камбуд нахоҳанд дошт: ҳамеша бо иртиботи Tcell бо тамоми олам дар тамос хоҳанд буд», – иброз дошт директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Ширкати Tcell тавсеа ва тақвияти техникии шабакаро боз ҳам идома мебахашад.    Навгонӣ ва навовариҳо дар куллияи манотиқи Тоҷикистон: дар пойтахт, НТҶ (ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ), Суғд, ВМКБ ва Хатлон сурат мегиранд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки қаламрави бештари кишвар бо шабакаи ҷадиди стандарти 3G ва 4G пайваст гардида, алоқа беҳтар шавад.  

Дар чаҳорчӯби тавсеа ва рушди техникии стандарти насли чаҳорум– 4G фақат дар тӯли чанд моҳи ахир шабакаи ширкат дар ҳудуди шаҳрҳои Кӯлоб, Роғун, Данғара ва Хоруғ васеъ гардид. Шабакаи 4G аллакай ба сокинони ин шаҳрҳо имконият дод, ки ба интернети баландсуръати 20 Мбит/с  дар шабакаи ҷаҳонӣ дастрасӣ пайдо намуда, аз навгониҳои илму техника, фарҳанг, маориф ва иқтисод бохабар шаванд.   

___________________

Tcell –бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...