Қотилони тоҷикистонии 17-сола дар Русия маҳкум шуданд

Суди шаҳри Санкт-Петербург ду сокини ин шаҳрро барои куштори бераҳмонаи шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон дар соли 2016 мутаносибан ба 15 ва 7 соли зиндон маҳкум кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти прокуратураи шаҳри Санкт-Петербург. Гуфта мешавад, суд муайян кардааст, ки моҳи августи соли 2016 судшавандагон дар заминаи  муносибати хусуматомез ба шахси ноболиғ дарафтода, бо корду дастачӯб ва […]

Asia-Plus

Суди шаҳри Санкт-Петербург ду сокини ин шаҳрро барои куштори бераҳмонаи шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон дар соли 2016 мутаносибан ба 15 ва 7 соли зиндон маҳкум кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти прокуратураи шаҳри Санкт-Петербург.

Гуфта мешавад, суд муайян кардааст, ки моҳи августи соли 2016 судшавандагон дар заминаи  муносибати хусуматомез ба шахси ноболиғ дарафтода, бо корду дастачӯб ва ханҷари шикорӣ ба ӯ зарбаҳои зиёд мезананд, ки дар натиҷа ҷабрдида дар бемористон ба ҳалокат мерасад.

Шаҳрванди ҳалокшудаи Тоҷикистон каме дуртар аз фурӯшгоҳ зиндагӣ мекард. Нимаи шаб ҳангоми ба мағоза рафтанаш байни ӯ ва як гурӯҳи наврасону ҷавонон муноқиша сар мезанад. Зимни занозанӣ ӯ аз корд захмҳои зиёд гирифта, сарфи назар аз талошҳои табибон, дар бемористон ҳалок мешавад.

Ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят се сокини маҳаллии синни аз 16 то 18-сола ва духтари 15-сола боздошт шуда буданд. Далалҳои шайъӣ аз гумонбарон дарёфт ва мусодира шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Ду дастаи баскетболбози шахсони маъюбиятдоштаи "Ғайрат" ва "Ваҳдат"-и Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболи аробанишин, ки дар шаҳри Анталия баргузор гардид, иштирок карданд. Варзишгарон дар ҷараёни...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.