Исфара зери назорати Муҳаммадшоҳ Искандарзода?

Муҳаммадшоҳ Искандарзода (Шоҳ Искандаров) ҳарчанд таъйиноти худ ба вазифаи сардори милитсияи Исфараро тағйироти маъмулии кадрӣ дар сохтори ВКД мегӯяд, аммо коршиносон иброз менамоянд, ки ӯ метавонад сатҳи тундгароӣ ва муноқишаҳои марзӣ дар ин минтақаро поён барад. 3 декабр генерал-майор Муҳаммадшоҳ Искандарзода аз вазифаи сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Турсунзода, ки тайи панҷ соли охир фаъолият […]

Муҳаммадшоҳ Искандарзода (Шоҳ Искандаров) ҳарчанд таъйиноти худ ба вазифаи сардори милитсияи Исфараро тағйироти маъмулии кадрӣ дар сохтори ВКД мегӯяд, аммо коршиносон иброз менамоянд, ки ӯ метавонад сатҳи тундгароӣ ва муноқишаҳои марзӣ дар ин минтақаро поён барад.

3 декабр генерал-майор Муҳаммадшоҳ Искандарзода аз вазифаи сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Турсунзода, ки тайи панҷ соли охир фаъолият дошт, озод ва ба вазифаи сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Исфара-1 таъйин гардид.

Таъйини Муҳаммадшоҳ Искандарзода ба вазифаи сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Исфара воқеаи соли 2014 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рухдода ва эътирози давлати ҳамсоя аз ҳузури Муҳаммадшоҳ Искандарзода дар ин шаҳрро бори дигар дар маркази таваҷҷуҳ қарор дод. Он замон Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба Тоҷикистон нота фиристода, аз ҳузури Искандарзода ва афроди ӯ дар минтақаи ҳаммарзи ин кишвар изҳори нигаронӣ карда буд.

Худи генерал-майор Искандарзода рӯзи 4 декабр дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки ҳоло дар шаҳри Турсунзода аст ва бо ҳайати шахсӣ мулоқот дорад. Ӯ аз шарҳи бештар худдорӣ намуд. Аммо дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ ӯ таъйини худ ба вазифаи сардори шуъбаи ВКД дар Исфара-1-ро “таъйиноти вазири корҳои дохилӣ” арзёбӣ намуда, гуфтааст, ки “вазифаи ман таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон аст. Барои иҷрои вазифа меравам. Ман шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастам ва Исфара яке аз шаҳрҳои кишвари мо ҳаст”.

Исфара яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати амниятӣ мураккаб ба ҳисоб меравад. Дар ин шаҳр, ки бо вилояти Боткени Қирғизистон ҳамсарҳад аст, ҳодисаҳои сарҳадшиканӣ ва муноқишаҳои марзӣ пайваста рух медиҳанд. Ҳоло байни Тоҷикистон ва Қирғизистон комиссияи муштарак барои дақиқ намудани хати марз фаъолият менамояд, аммо то ҳол мушкили марз пурра ҳалли худро наёфтааст.

Ба замми ин, Исфара аз лиҳози гароиши ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав низ яке аз минтақаҳои осебпазир шуморида мешавад. Беш аз сад нафар сокинони ин шаҳр ба гуруҳҳои тундрав пайвастаанд.

Аз ин сабаб, коршиносон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ба он ишора мекунанд, ки сабаби аслии ба Исфара фиристода шудани Муҳаммадшоҳ Искандарзода ба ду омил вобастагӣ дорад: муборизаи шадид бо тундгароӣ ва пешгирӣ аз муноқишаҳои марзӣ.

Генерали мустаъфӣ Нуралишо Назаров, собиқ муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки замоне бо Муҳаммадшоҳ Искандарзода якҷо фаъолият намудааст, мегӯяд, ки агар ба сардори тозатаъйини милитсияи Исфара имконият диҳанд, ӯ метавонад корҳои зиёдеро анҷом диҳад.

“Шахсияти Муҳаммадшоҳ Искандарзода дар роҳи мубориза бо гуруҳҳои ҷинояткори муташаккил, албатта нақши худро мегузорад. Махсусан, дар ҳоле, ки дар Исфара вазъи ҷинояткорӣ ва характери он аз манотиқи дигари кишвар тафовут дорад, ӯ метавонад аз нуфузу таъсираш истифода кунад ва муқобили онҳо муборизаи шадид барад ва дар шаҳр тартибу интизоми қатъиро ҷорӣ намояд”,-мегӯяд Нуралишо Назаров.

Дар мавриди таъсири шахсияти Муҳаммадшоҳ Искандарзода барои пешгирӣ аз муноқишаҳои марзӣ Нуралишо Назаров мегӯяд, ки “Искандарзода ҳоло ҳам дар он суйи марз нуфузи худро дорад ва ӯро эҳтиром мекунанд. Ин робита ва нуфузаш ба ӯ имкон медиҳанд, ки пеши роҳи муноқишаҳои марзӣ гирифта шавад. Дар умум, фикр мекунам қонуншиканиҳое, ки дар марз рух медиҳанд, пас аз таъйини Муҳаммадшоҳ Искандарзода бояд кам шаванд”.

Маълумотнома

Муҳаммадшоҳ Искандарзода 30 октябри соли 1968 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) таваллуд шудааст. Дорои маълумоти олӣ буда, факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ ва Академияи хадамоти сарҳадии федеролии Россияро хатм намудааст.

Ӯ дар гузашта яке аз қумандонҳои ИНОТ буд ва баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ворид шуд. Соли 1998 дар амалиёти мусаллаҳона ба муқобили дастаи Маҳмуд Худойбердиев, ки ба вилояти Суғд ҳуҷум карда буд, иштирок намуд. Соли 1999 сардори дастаи сарҳадбонон дар ноҳияи Ҷиргатол таъйин гардид ва дар амалиёти озодкунии шаҳрвандони Япония ва генерал Шамкеев миёнаравӣ кард.

Моҳи августи соли 2000 дар амалиёти мусаллаҳона муқобили дастаи мулло Абдулло иштирок карда, баъдан муовини сардори ситоди Қушунҳои сарҳадии ҶТ таъйин гардид. Бо ордени “Спитамен” ва соли 2011 бо ордени “Шараф” дараҷаи 1-ум қадрдонӣ шудааст.

Соли 2007 бо хоҳиши худ аз хизмат канор рафта бо тиҷорат машғул шуд. 4 апрели соли 2011 муовини сардори Раёсати ВКД дар минтақаи Рашт таъйин гардид.

Аз соли 2013 то 3 декабри соли равон дар вазифаи сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Турсунзода фаъолият намудааст.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.