Тоҷикистон дар зинаи 41-уми рейтинги кишварҳои писандидаи сайёҳӣ барои русиягиҳо

Asia-Plus

Тоҷикистон ба рӯйхати 50-гона (ТОП-50)-и кишварҳои писандидаи сайёҳӣ барои русиягиҳо шомил шуд: дар қиёс бо соли гузашта тӯли 9 моҳи соли 2018 шумори сафарҳои шаҳрвандони Русия ба Тоҷикистон 1% – то 92 ҳазор нафар афзудааст.

Бино ба маълумоти агентии таҳлилии “ТурСтат”, дар рейтинги кишварҳо аз лиҳози сафари сайёҳони русиягӣ ба он дар соли 2018 Тоҷикистон зинаи 41-умро ишғол намуд.

Раддабандии мазкур бар асоси таҳлии маълумоти омории сафарҳои сайёҳон аз Русия ба хориҷи кишвар давоми 9 моҳ – аз 1 январ то 30 сентябри соли 2018 таҳия шуда, дар рейтинг ҳамагӣ аз 65 кишвар ном бурда мешавад.

Ӯзбекистон як зина боло аз Тоҷикистон – дар мақоми 40-ум ҷойгир шуда, тайи 9 моҳ 114 ҳазор нафар сайёҳони русиягӣ аз ин кишвар боздид кардаанд.

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қирғизистон кишвари писандидатарин барои сайёҳони русиягӣ дониста шуда, дар ин давра 193 ҳазор нафар сайёҳони русиягӣ ба ин давлат омадаанд. Қирғизистон дар мақоми 29-уми рейтинг қарор дорад.

Ба 10-гонаи кишварҳои хориҷии писандида барои сайёҳони русиягӣ дар соли 2018 Туркия  (4,9 млн. сафар), Абхозистон (3,6 млн.), Финландия (2,5 млн.), Қазоқистон (2,3 млн.), Украина (1,8 млн.), Чин (1,4 млн.), Эстония (1,3 млн.), Гурҷистон (979 ҳазор), Олмон (950 ҳазор) ва Италия (849 ҳазор) шомил гардидаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...