Тоҷикистон дар зинаи 41-уми рейтинги кишварҳои писандидаи сайёҳӣ барои русиягиҳо

Тоҷикистон ба рӯйхати 50-гона (ТОП-50)-и кишварҳои писандидаи сайёҳӣ барои русиягиҳо шомил шуд: дар қиёс бо соли гузашта тӯли 9 моҳи соли 2018 шумори сафарҳои шаҳрвандони Русия ба Тоҷикистон 1% – то 92 ҳазор нафар афзудааст. Бино ба маълумоти агентии таҳлилии “ТурСтат”, дар рейтинги кишварҳо аз лиҳози сафари сайёҳони русиягӣ ба он дар соли 2018 Тоҷикистон […]

Тоҷикистон ба рӯйхати 50-гона (ТОП-50)-и кишварҳои писандидаи сайёҳӣ барои русиягиҳо шомил шуд: дар қиёс бо соли гузашта тӯли 9 моҳи соли 2018 шумори сафарҳои шаҳрвандони Русия ба Тоҷикистон 1% – то 92 ҳазор нафар афзудааст.

Бино ба маълумоти агентии таҳлилии “ТурСтат”, дар рейтинги кишварҳо аз лиҳози сафари сайёҳони русиягӣ ба он дар соли 2018 Тоҷикистон зинаи 41-умро ишғол намуд.

Раддабандии мазкур бар асоси таҳлии маълумоти омории сафарҳои сайёҳон аз Русия ба хориҷи кишвар давоми 9 моҳ – аз 1 январ то 30 сентябри соли 2018 таҳия шуда, дар рейтинг ҳамагӣ аз 65 кишвар ном бурда мешавад.

Ӯзбекистон як зина боло аз Тоҷикистон – дар мақоми 40-ум ҷойгир шуда, тайи 9 моҳ 114 ҳазор нафар сайёҳони русиягӣ аз ин кишвар боздид кардаанд.

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қирғизистон кишвари писандидатарин барои сайёҳони русиягӣ дониста шуда, дар ин давра 193 ҳазор нафар сайёҳони русиягӣ ба ин давлат омадаанд. Қирғизистон дар мақоми 29-уми рейтинг қарор дорад.

Ба 10-гонаи кишварҳои хориҷии писандида барои сайёҳони русиягӣ дар соли 2018 Туркия  (4,9 млн. сафар), Абхозистон (3,6 млн.), Финландия (2,5 млн.), Қазоқистон (2,3 млн.), Украина (1,8 млн.), Чин (1,4 млн.), Эстония (1,3 млн.), Гурҷистон (979 ҳазор), Олмон (950 ҳазор) ва Италия (849 ҳазор) шомил гардидаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.