Алишер Усмонов ба “рӯйхати сиёҳ”-и Бритониё дохил шуд

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Бритониё рӯйхати "олигархҳои рус"-ро таҳия карданд, ки мумкин аст, нисбаташон чораҳои гуногуни маҳдудкунанда андешида шавад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба The Daily Telegraph, дар ин рӯйхат шаш тоҷир, аз ҷумла Алишер Усмонов шомил шудааст.

Гуфта мешавад, рӯйхати иборат аз шаш тоҷири рус – Алишер Усмонов, Роман Абрамович, Олег Дерипаска, Аркадий ва Борис Ротендергҳо ва инчунин Игор Сечинро сарвазири Бритониё Тереза Мэй тасдиқ кардааст.

Рӯйхати мазкур ба ҳукуматҳои кишварҳои шарики Бритониё дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ фиристода мешавад.

Як манбаъ дар ҳукумати Бритониё гуфтааст, ҳадафи чораандешиҳои Лондон "маҳдуд кардани фаъолиятҳои онҳо, имконоташон барои кӯчидан ва кор кардан дар Аврупо, Бритониё ва ҳар ҷои дигари дунё" аст.

Дар рӯйхат асосан онҳое шомил шуданд, ки "бо президенти Русия Владимир Путин робитаи наздики касбӣ ва молӣ доранд". Мумкин аст, равуои ин одамон ба Бритониё маҳдуд шавад.

Ин дар ҳолест, ки Абрамович ва Усмонов давоми солҳои тӯлонӣ моликони бошгоҳҳои футболи "Челсӣ" ва "Арсенал"-и Лондон буданд. Тобистони имсол Усмонов саҳмашро дар бошгоҳи "Арсенал" (30%) ба тоҷири амрикоӣ Стэн Кронке бар ивази £550 млн фурӯхт.

Бино ба иттилои маҷаллаи Forbes, охири моҳи ноябри имсол дороии Алишер Усмонов 12,5 миллиард доллар арзёбӣ мешуд. Владимир Путин ахиран Алишер Усмонов ва ҳамсараш Ирина Винер-Усмоноваро бо ордени "Барои хизмати Ватан" қадрдонӣ кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...