Имзои Барномаи сесолаи ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистону Молдова

Рӯзҳои 10-11 декабри соли 2018 дар шаҳри Кишиневи Ҷумҳурии Молдова ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тичоратӣ ва илмию техникӣ таҳти роҳбарии Муминзод Абдулмаҷид Мубин – муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Юлина Дрэгэлин – котиби давлатии Вазорати иқтисод ва инфрасохтори Ҷумҳурии Молдова баргузор […]

Рӯзҳои 10-11 декабри соли 2018 дар шаҳри Кишиневи Ҷумҳурии Молдова ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тичоратӣ ва илмию техникӣ таҳти роҳбарии Муминзод Абдулмаҷид Мубин – муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Юлина Дрэгэлин – котиби давлатии Вазорати иқтисод ва инфрасохтори Ҷумҳурии Молдова баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволди давлатии ҶТ, зимни ҷаласа ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҳифзи муҳити зист,  рушди минтақаҳо, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, илм, фарҳанг, сиёсати ҷавонон, варзиш, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ ва нақлиётро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ Тарафҳо зарурати мувофиқасозӣ ва қабули Барномаи ҳамкории иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Молдова барои солҳои 2019-2021-ро муҳим арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо инчунин ба созиш расиданд, ки бо мақсади густариши бештари ҳамкориҳо заминаи шартномавӣ ҳуқуқиро дар соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сайёҳӣ, варзиш, нақлиёт ва фарҳанг тақвият хоҳанд бахшид.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа тарафҳо Протоколи дахлдор ба имзо расониданд.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, тӯли 10 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистӣону Молдова ҳамагӣ ҳудуди 1,2 млн. долларро ташкил додааст, ки маблағи содироти мол аз Тоҷикистон ба Молдова ба беш аз 740 ҳазор доллар ва воридоти маҳсулот аз Молдова ба Тоҷикистон ба наздики 444 ҳазор доллар баробар аст.

Қобили зикр аст, ки Молдова яке аз кишварҳои хориҷи наздик (дар баробари Ӯзбекистон) мебошад, ки Тоҷикистон бо он тавозуни мусбати савдо дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.