Имзои Барномаи сесолаи ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистону Молдова

Asia-Plus

Рӯзҳои 10-11 декабри соли 2018 дар шаҳри Кишиневи Ҷумҳурии Молдова ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тичоратӣ ва илмию техникӣ таҳти роҳбарии Муминзод Абдулмаҷид Мубин – муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Юлина Дрэгэлин – котиби давлатии Вазорати иқтисод ва инфрасохтори Ҷумҳурии Молдова баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволди давлатии ҶТ, зимни ҷаласа ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҳифзи муҳити зист,  рушди минтақаҳо, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, илм, фарҳанг, сиёсати ҷавонон, варзиш, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ ва нақлиётро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ Тарафҳо зарурати мувофиқасозӣ ва қабули Барномаи ҳамкории иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Молдова барои солҳои 2019-2021-ро муҳим арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо инчунин ба созиш расиданд, ки бо мақсади густариши бештари ҳамкориҳо заминаи шартномавӣ ҳуқуқиро дар соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сайёҳӣ, варзиш, нақлиёт ва фарҳанг тақвият хоҳанд бахшид.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа тарафҳо Протоколи дахлдор ба имзо расониданд.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, тӯли 10 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистӣону Молдова ҳамагӣ ҳудуди 1,2 млн. долларро ташкил додааст, ки маблағи содироти мол аз Тоҷикистон ба Молдова ба беш аз 740 ҳазор доллар ва воридоти маҳсулот аз Молдова ба Тоҷикистон ба наздики 444 ҳазор доллар баробар аст.

Қобили зикр аст, ки Молдова яке аз кишварҳои хориҷи наздик (дар баробари Ӯзбекистон) мебошад, ки Тоҷикистон бо он тавозуни мусбати савдо дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...