Талоши навбатии фурӯши корхонаи дӯзандагии Фирташ

Date:

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон бори дигар кӯшиш мекунад, ки корхонаи дӯзандагии “Гулистон Душанбе”-ро фурӯшад. Қаблан ин корхона ба сарватаманди украинӣ Дмитрий Фирташ тааллуқ дошт.

Расо баъди як ҳафта, 18 декабр бастаи пурраи саҳмияҳои корхона ба фурӯш гузошта мешавад, хабар медиҳад КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ.

Фурӯши саҳмияҳои ҶСК “Гулистон Душанбе” бо шумори умумии 242 200 дона дар як лот ба нақша гирифта шудааст. Нархи ибтидоии лот – 24 млн. 220 ҳазор сомонӣ (наздики 2,6 млн. доллар).

Музояда соати 10:00 дар шаҳри Душанбе бо суроғаи кӯчаи Теҳрон, 21 доир мегардад.

Арзон карданд?

Корхона ду маротиба – моҳи сентябри соли 2016 ва моҳи январи соли 2017 ба фурӯш гузошта шуд, вале харидорони имконпазир таваҷҷуҳ зоҳир накарданд», – гуфта буд ба «Азия-Плюс» дар ин робита муовини раиси Кумита Анвар Наҷмиддинзода.

Нархи ибтидоии бастаи пурраи саҳмияҳои корхна моҳи сентябри соли 2016 ва моҳи январи соли гузашта 32 млн. сомонӣ (беш аз 4 млн. доллар) муқаррар шуда буд, ки дар муқоиса бо арзиши ибтидоии ҳозираи бастаҳо 7 млн. 780 ҳазор сомонӣ камтар аст.

Мерос аз Фирташ

Моҳи апрели соли 2014 бо қарори суди иқтисодии шаҳри Душанбе корхонаи мазкур ба моликияти давлат гузашт. Суд даъвои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро дар бораи ғайриқонунӣ хусусигардонии корхона қонеъ намуд. Сипас корхона аз ҶСП «Гулистон» ва ҶСК «Гулистон Душанбе» табдили ном кард.

ҶСП «Гулистон» соли 2002, замони вазири саноати Тоҷикистон будани Зайд Саидов хусусӣ гардонида шуд. Дар Агентии зиддифасод бар ин назаранд, ки Саидов бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ ба ғайриқонунӣ хусусигардонии ин корхона мусоидат кардааст.

Он замон бастаи назоратии саҳмияҳо – 95%-ро тоҷири украинӣ Дмитрий Фирташ ва 5%-ашро Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов харида буданд.

Пешоҳанги истеҳсолоти дӯзандагӣ

Дар сомонаи корхона гуфта мешавад, фабрикаи «Гулистон Душанбе» асосгузори истеҳсолоти дӯзандагӣ дар Тоҷикистон ва аз соли 1933 корхонаи аз ҳама бештар соҳибтаҷрибаи истеҳсоли сарулибоси мардона ва занона мебошад.

Соли 2004 корхона бо таҷҳизоти такмилёфта таъмин гардид, ки ба дӯхтани сарулибоси ҳама гуна навъ имкон фароҳам овард. Иқтидори аввалияи истеҳсолии корхонаи “Гулистон” – беш аз 3 млн. адад маҳсулот дар як сол мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...