Тасмими Гулнора Каримова дар мавриди бозгашт ба ҳаёти иҷтимоӣ

Набераи президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримови 25-сола дар Instagram навиштааст, ки модараш – Гулнора Каримова мехоҳад, дубора дар ҳаёти иҷтимоии кишвар иштирок кунад. "Бо ташаббуси раҳбарияти нави Ӯзбекистон дар кишвар лоиҳаҳои наве иҷро мешаванд, ки барои ояндаи нек пойгоҳи устувореро эҷод хоҳанд кард. Бинобар ин, модарам тасмим гирифт, дигаргуниҳои ахирро дар кишвар, ҳам аз нигоҳи […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Набераи президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримови 25-сола дар Instagram навиштааст, ки модараш – Гулнора Каримова мехоҳад, дубора дар ҳаёти иҷтимоии кишвар иштирок кунад.

"Бо ташаббуси раҳбарияти нави Ӯзбекистон дар кишвар лоиҳаҳои наве иҷро мешаванд, ки барои ояндаи нек пойгоҳи устувореро эҷод хоҳанд кард. Бинобар ин, модарам тасмим гирифт, дигаргуниҳои ахирро дар кишвар, ҳам аз нигоҳи ҷисмонӣ ва ҳам аз нигоҳи молӣ дастгирӣ кунад", – гуфт Ислом Каримови хурдӣ, хабар медиҳад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ.

Гуфта мешавад, Идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта ва коррупсияи Додситонии кулли Ӯзбекистон 28 июли соли 2017 дар сомонаи расмии худ хабар дод, ки "зидди духтари президенти пешини ин кишвар Гулнора Каримова парвандаи ҷиноӣ боз шудааст".

Дар иттилоияи додситонӣ омада буд, ки Каримова 21 августи соли 2015 бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Додситонӣ 3 октябри соли равон ҳамчунин хабар дод, ки Каримова дар яке аз зиндонҳои Ӯзбекистон муҳлати ҷазои худро адо мекунад.

Додситони Шведсия Гуннар Стетлер 4 сентябри имсол дар додгоҳи Стокҳолм далелҳоеро пешниҳод кард, ки нишон медиҳанд, молики асосии ширкатҳои офшории ба номи атрофиёни наздики духтари президенти пешини Ӯзбекистон — Гаянэ Авакян ва Рустам Мадумаров бозшуда ва саҳмияҳои иншоотҳои дигар худи Гулнора Каримова аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.