Собиқ адвокати Доналд Трамп ба се соли зиндон маҳкум шуд

Адвокати пешини президенти ИМА Майкл Коэн 3 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Коэн дар саркашӣ аз пардохти андоз, нақзи қонуни сармоягузории маъракаи интихоботӣ ва додани иттилои дурӯғ ба Конгрес айбдор эълом гашт. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Коэн дар додани 130 ҳазор доллар ба ду зане иштирок доштааст, ки бар ивази ин маблағ […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Адвокати пешини президенти ИМА Майкл Коэн 3 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Коэн дар саркашӣ аз пардохти андоз, нақзи қонуни сармоягузории маъракаи интихоботӣ ва додани иттилои дурӯғ ба Конгрес айбдор эълом гашт.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Коэн дар додани 130 ҳазор доллар ба ду зане иштирок доштааст, ки бар ивази ин маблағ бояд робитаҳои ошиқонаи худро бо Доналд Трамп пинҳон медоштанд. Ҳамчунин ӯ дар бораи нақшаҳои сохтмонии президенти ИМА дар Москва ба Конгресс дурӯғгӯӣ кардааст.

Гуфта мешавад, додситонӣ гуфтааст, президенти ИМА шахсан ба Коэн дастур додааст, ки ба занҳо пул диҳад. Ба гуфтаи додситонҳо, ҳар ду бо ин амали худ қонуни сармоягузории маъракаи интихоботии ИМА-ро нақз кардаанд.

Коэни 52-сола ҳар ду гуноҳро ба гардан гирифт. Вале аз имзои созишномаи ҳамкорӣ бо тафтишот худдорӣ кард, ки аз ӯ баёнот додан зидди қонуншиканиҳои афроди дигарро талаб мекард.

Доналд Трамп айбдории худро рад карда, додани пул ба занҳоро "муомилоти шахсӣ" номид. Вакили дифои ӯ Рудӣ Ҷулианӣ низ исрор дорад, ки ҳадаф аз додани пул ба занҳо ҳифзи обурӯ буд, на наҷоти номзадӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.