Ҳамкории 5 шаҳри Тоҷикистон бо Янгҷоуи Чин дар бахши сайёҳӣ

Дар шаҳри Янгҷоуи музофоти Ҷиансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин даври шашуми Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин форум муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим роҳбарӣ намуд. Гуфта мешавад, дар ҳошияи иштирок дар форуми мазкур вохӯриҳои дуҷонибаи Азим Иброҳим бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии […]

АМИТ “Ховар”

Дар шаҳри Янгҷоуи музофоти Ҷиансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин даври шашуми Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин форум муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим роҳбарӣ намуд.

Гуфта мешавад, дар ҳошияи иштирок дар форуми мазкур вохӯриҳои дуҷонибаи Азим Иброҳим бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии вакилони мардумӣ Ван Чэн, роҳбарияти музофоти Ҷиансу ва роҳбарияти шаҳри Янгҷоу доир гардиданд.

Дар рафти суханронии муовини Сарвазири Тоҷикистон дар форум ва дар вохӯриҳои дуҷониба ҳолати ҳозира ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд. Бо изҳори қаноатмандӣ робитаҳои фаъол дар сатҳи олӣ ва дигар сутуҳ,  инчунин  болоравии эътибори сиёсии мутақобила миёни Тоҷикистон ва Чин  зикр  гардида, мавзӯъҳои таҳкими минбаъда ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳо ва чорабиниҳои муштарак, ҳамкориҳои байниминтақавӣ, тақвияти робитаҳо дар соҳаи маориф ва фарҳанг  баррасӣ  шуданд.

Бо истифода аз имконияти мазкур ҳайати Тоҷикистон дар доираи форум фазои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишварро тавассути рӯнамоии (презентатсияи) пурмуҳтаво муаррифӣ намуд.

Ҳамчунин бо мақсади истиқрори муносибатҳои корӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдои шаҳри Янгҷоу Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонда шуд.

Оид ба натиҷаҳои форум ташаббуси Янгҷоу маъқул дониста шуд, ки истиқрори ҳамкориҳо ва табодули сайёҳиро байни шаҳрҳои Янгҷоу ва кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ менамояд. Ин иқдом дар қатори 20 шаҳри ҳамкорӣ панҷ шаҳри Ҷумҳурии Тоҷикистон – Душанбе, Кӯлоб, Хоруғ, Хуҷанд ва Бохтарро дарбар мегирад.

Мувофиқа ба даст омад, ки ба муносибати Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи Фестивали байналмилалӣ оид ба сайёҳии иқтисодӣ ва тиҷоратии «Фейерверк-март» моҳи апрели соли 2019 Намоиши фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон баргузор карда шавад.

Ҳайати Тоҷикистон аз корхонаҳои пешсафи маҳаллӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои инноватсионӣ, инчунин аз ҷойҳои шоёни диққати фарҳангию таърихӣ ва сайёҳии шаҳри Янгҷоу боздид намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.