Манораи соат дар ҷойи пояи сутун бо нишони ҶШС Тоҷикистон

Дар ҷойи пояи сутун бо нишони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ (ҶШС)-и Тоҷикистон дар маркази пойтахт, ки соли 2015 кӯчонида шуд, манораи 18 метра бо соати истеҳсоли Туркия қомат меафрозад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз парлумони Тоҷикистон. Бино ба иттилои манбаъ, гирду атрофи манораро гулгашт зебу зинат дода, сохтмони манора моҳи марти соли оянда ба итмом мерасад. […]

Дар ҷойи пояи сутун бо нишони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ (ҶШС)-и Тоҷикистон дар маркази пойтахт, ки соли 2015 кӯчонида шуд, манораи 18 метра бо соати истеҳсоли Туркия қомат меафрозад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз парлумони Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, гирду атрофи манораро гулгашт зебу зинат дода, сохтмони манора моҳи марти соли оянда ба итмом мерасад.

Санаи 12 декабри соли 2015 дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе (майдони В.И.Ленин дар замони шӯравӣ) пояи сутун бо нишони ҶШС Тоҷикистон, ки ба муносибати 20-солагии ҶШС Тоҷикистон соли 1949 қомат афрохта буд, кӯчонида шуд.

Сабаби кӯчонидан халали он ба амалисозии Нақшаи генералии пойтахт унвон шуд. Қаблан як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуда буд, ки моҳи августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пояи сутун бо нишони давлатии Тоҷикистон бунёд гардид ва аз нигоҳи меъморӣ, дар як майдон воқеъ будани ду нишон зарурат надорад.

Пояи сутуни кӯҳна шабона кӯчонида шуд, то ки ба ҳаракати нақлиёт дар маркази шаҳр халал эҷод нагардад. Пояи сутун ҳамчун мероси замони шӯравӣ ба ихтиёри Фонди адабии Тоҷикистон супорида шуд. Дар ҷойи он гулгашт бунёд гардид.

Қобили зикр аст, ки Баландии пояи сутуни нав бо Нишони давлатии Тоҷикистон 45 метр буда, паҳнои он 5 метр аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.