Президент раисони шаҳрҳои Конибодому Гулистонро иваз кард

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Конибодом Боҳирӣ Ғайбулло Нозир ва шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) аз мансаб барканор шуданд. Дар фармонҳои нашршуда дар хадамоти матбуоти сарвари давлат сабаби аз мансаб барканор шудани онҳо ба кори дигар гузаштан шарҳ дода шудааст. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода ва шаҳри Гулистон – Фирдавс Шарифзода […]

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Конибодом Боҳирӣ Ғайбулло Нозир ва шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) аз мансаб барканор шуданд.

Дар фармонҳои нашршуда дар хадамоти матбуоти сарвари давлат сабаби аз мансаб барканор шудани онҳо ба кори дигар гузаштан шарҳ дода шудааст.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом Зафарбек Давлатзода ва шаҳри Гулистон – Фирдавс Шарифзода таъин шуданд.

Ҳамчунин бо фармонҳои президент, раисони як қатор ноҳияҳо низ иваз шуда, Давлатбибӣ Раҷабова бо сабаби ба нафақа баромадан аз мансаби раиси ноҳияи Ванҷ озод ва ба ҷойи ӯ Ҷаббори Қосим и. в. раиси ин ноҳия таъин шуд.

Бо сабаби ба кори дигар гузаштан раиси ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд Умар Ёқубзода низ аз вазифа озод шуда, мансаби ӯро Ашӯралӣ Ҷалилзода ишғол мекунад.

Раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Вализода Сулаймон Кабуд низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ин ноҳия озод шуда, ба ин мансаб Раҳматзода Рустам Мирзо таъин карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.