Душанбе ва музофоти Хайнани Чин бародаршаҳр шуданд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Юн Протоколро дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Тоҷикистон ва музофоти Хайнани  Чин ба имзо расониданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷараёни вохӯрӣ вобаста ба роҳандозӣ намудани хамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маорифу сайёҳӣ ва дигар бахшҳои […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Юн Протоколро дар бораи барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Душанбеи Тоҷикистон ва музофоти Хайнани  Чин ба имзо расониданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷараёни вохӯрӣ вобаста ба роҳандозӣ намудани хамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маорифу сайёҳӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо ба мавзӯъоти ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, технология, сайёҳӣ, маориф, фарҳанг ва ҷалби сармоя ба ин самтҳои муҳими иқтисодиёти шаҳри Душанбе  таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки Ммзофоти Хайнан бо масоҳати 35 ҳазор метри мураббаъ ва 9 миллион нафар аҳолӣ дар қисмати ҷанубии Чин ҷойгир буда,  маркази он шаҳри Хайкоу мебошад.

Сарчашмаҳои асосии иқтисодиёти музофоти Хайнан соҳаи сайёҳӣ ва кишоварзӣ ба шумор мераванд. Он яке аз марказҳои бузурги сайёҳии баҳрӣ дар ҷаҳон буда, бо иқлими тропикии худ беш аз 50 намуди меваҷот ва 120 намуди маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол ва содирот менамояд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки шаҳри Душанбе то имрӯз бо шаҳрҳои Урумчи   (10 сентябри соли 1999), Сямен (20 июни соли 2013) ва шаҳи Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин(18 сентябри соли 2018) робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...