Ҳузури тоҷикистониён дар Қазоқистон 30 рӯз бидуни қайд

Вакилони Маҷлиси Қазоқистон санаи 12 декабр тасдиқи як қатор созишномаҳоро бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи тартиби ҳузури шаҳрвандони ҳарду кишварро дар қаламрави ҳамдигар маъқул донистанд. Дар санад дароз шудани муҳлати ҳузури шаҳрвандони Қазоқистон ва Тоҷикистон дар қаламрави ҳамдигар бидуни қайди ҳатмӣ ба муддати 30 рӯз, ҳамчунин будубош дар қаламрави тарафҳо то 90 рӯз баъди […]

Вакилони Маҷлиси Қазоқистон санаи 12 декабр тасдиқи як қатор созишномаҳоро бо Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи тартиби ҳузури шаҳрвандони ҳарду кишварро дар қаламрави ҳамдигар маъқул донистанд.

Дар санад дароз шудани муҳлати ҳузури шаҳрвандони Қазоқистон ва Тоҷикистон дар қаламрави ҳамдигар бидуни қайди ҳатмӣ ба муддати 30 рӯз, ҳамчунин будубош дар қаламрави тарафҳо то 90 рӯз баъди гузаштани сарҳади давлатӣ зимни бақайдгузорӣ пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад 24.kz.

Ғайр аз ин, вакилони қазоқ Созишномаи ҳамкорӣ байни Қазоқистону Тоҷикистон дар бахши муҳоҷиратро низ тасдиқ намуданд, ки  он ба ҳимоя аз ҳуқуқҳои шаҳрвандони давлатҳо зимни ҳузур дар қаламрави ҳамдигар ва ҳамчунин рушди ҳамкориҳои мутақобилаи иттилоотӣ нигаронида шудааст.

Маҷлис ҳамчунин созишнома бо Тоҷикистонро дар бораи дубора қабули шахсон (редмиссия) ва санади иҷро ба онро низ ба тасвиб расонид.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистону Қазоқистон созишнома дар бораи сабуксозии шароити ҳузури шаҳрвандони давлатҳоро дар қаламрави ҳамдигар зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон санаи 14 март дар Остона ба имзо расонида буданд.

Айни замон шаҳрвандони ҳарду кишвар дар муҳлати 5 рӯз аз замони ворид шудан ба қаламрави давлатҳо бояд худро ба қайд гузоранд. То соли 2010 шаҳрвандони Тоҷикистон то 30 рӯз бидуни қайд дар Қазоқистон ҳузур дошта метавонистанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.