Дарсҳои кушоди “МегаФон Тоҷикистон” ба донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар

Моҳи октябр дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дарси кушод барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар гузаронида шуд. Иштирокчиёни дарс оид ба имкониятҳои муосири интернет ва инчунин, доир ба хизматрасониҳои мобилие, ки ҳаёти муштариёни операторро нисбатан қулай мегардонанд, маълумот пайдо карданд. Фикру мулоҳизаҳои мусбати донишҷӯён асос барои идомаи лоиҳа гардиданд: акнун чунин дарсҳои кушод ҳарҳафтаина доир карда мешаванд. […]

Моҳи октябр дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дарси кушод барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар гузаронида шуд. Иштирокчиёни дарс оид ба имкониятҳои муосири интернет ва инчунин, доир ба хизматрасониҳои мобилие, ки ҳаёти муштариёни операторро нисбатан қулай мегардонанд, маълумот пайдо карданд. Фикру мулоҳизаҳои мусбати донишҷӯён асос барои идомаи лоиҳа гардиданд: акнун чунин дарсҳои кушод ҳарҳафтаина доир карда мешаванд.

Тибби онлайн ва нақлиёти бепилот, «боты – юристы» – ҳамаи ин на эҷодиёти тахайюл, балки технологияҳои воқеан амалкунанда мебошанд, ки бояд аз ҷониби донишҷӯёни имрӯза инкишоф дода шаванд. Албатта, интернет ба онҳо инчунин барои ҷанбаҳои дигар низ зарур меояд. Роҳу воситаҳои истифодабарии ин манбаъро новобаста аз ихтисоси интихобнамуда донишҷӯён имкон доранд зимни дарсҳои аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ташкилшуда биомӯзанд.

“Бо инкишофи шабака муштариён ҳатто дар навоҳии дурдасттарин ба интернети босуръат дастрасӣ пайдо мекунанд. Донишҷӯёни имрӯза метавонанд аз Шабакаи ҷаҳонӣ маълумоти барои худ муҳимро дастрас намуда, технологияҳои рақамиро дар ҳама гӯшаҳои Тоҷикистон зимни фаъолияти духтурӣ, омӯзгорӣ, соҳибкорӣ ва инчунин зимни хизмати давлатии худ истифода намоянд. Аз ҳама муҳим мо бояд дарк кунем, ки дар замони имрӯза интернет дар ҳама касбу кор воситаи муҳимми корӣ ба шумор меравад. Маҳз ҳамин масъалаҳо дар рафти дарсҳои кушоди мо баррасӣ карда мешаванд”, – шарҳ дода изҳор дошт роҳбари Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.   

Вазифаи дуюми муҳимми оператор – мусоидат дар азхудкунии хизматрасониҳои пешрафта ва роҳҳои  идоракунии онҳо ба ҳисоб меравад. Ҳамин тариқ, акнун ҳар як муштарии “МегаФон Тоҷикистон” метавонад мустақилона тарофаҳоро тағйир дода, бастаҳои интернетиро пайваст намояд ё хароҷоти зангҳои худро ба наздикони худ дар Россия кам намояд. Махсусан бо ин мақсадҳо “Ҳуҷраи корӣ” ва замимаи “МегаФон Life” пешбинӣ карда шудааст ва маҳз дар бораи онҳо ба донишҷӯён PR-менеҷери Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Беҳрӯз САФАРОВ маълумот мерасонад. “МегаФон Life”-ро метавон бевосита зимни дарс бо ёрии  Wi-Fi корандозӣ намуд. Донишҷӯёни фаъолтарин бошанд бастаҳои интернетиро бо ҳаҷмҳои 3 000, 2 000 ва 1 000 Мб. ба даст меоранд.

“Чунин дарсҳо хеле муфиданд, зеро ба мо роҳҳои дурусти истифодаи интернет ва ёвари ҳама корҳоямон қарор додани онро меомӯзонанд. Дар Шабака метавон матни дилхоҳ китобро пайдо намуд, барои ин аллакай ба китобхона рафтан зарур нест. Муаллимони оянда бошанд, донишҳои худро аз донишҷӯён дареғ надошта, маълумотро тариқи Wi-Fi ба дигарон мерасонанд. Интернет ҳаётро ба ҷониби мусбат тағйир медиҳад. Ташаккур ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои донишҳо ва барои дастрасии мобилие, ки ман аллакай тӯли чандин сол аз он истифода  мебарам!” – аз таассуроти худ ёдрас шуда мегӯяд донишҷӯйи курси дуюми ДДБ Шуҳрат МИРЗОЕВ.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.