Рустами Эмомалӣ 2 ҳазор тарбиятгирандагони интернатҳоро ба ҷашни Соли нав даъват кард

Дар бинои Сирки Душанбе таҳти сарпарастии раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ рӯзи 29 декабр ҷашни иди Соли нав доир мегардад, ки беш аз 2 ҳазор нафар тарбиятгирандагони ҳамаи мактаб-интернатҳои шаҳр, пешсафони таҳсил ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ба он даъват мешаванд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, чорабинӣ […]

Дар бинои Сирки Душанбе таҳти сарпарастии раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ рӯзи 29 декабр ҷашни иди Соли нав доир мегардад, ки беш аз 2 ҳазор нафар тарбиятгирандагони ҳамаи мактаб-интернатҳои шаҳр, пешсафони таҳсил ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ба он даъват мешаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, чорабинӣ бо арчаи солинавӣ таҳти унвони “Шаҳри орзуҳо” баргузор шуда, ба ҳар кадоме аз кӯдакони даъватшуа аз номи Рустами Эмомалӣ таҳфаҳо тақдим карда мешаванд.

Илова бар ин, раиси пойтахт дастур додааст, ки аз 20 декабр то 5 январ дар ҳамаи боғҳои фарҳангу фароғати шаҳр ба таври ройгон намоишномаҳои театришудаи солинавӣ ва дигар чорабиниҳои идона гузаронида шавад.

Ҳамчунин Рустами Эмомалӣ ба кормандони дастгоҳи мақомоти шаҳрдорӣ супориш додааст, ки ба муносибати фарорасии Соли нав ба аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат, пиронсолони яккаву танҳо ва оилаҳои камбизоат рафта, аз номи мақомоти шаҳрдорӣ ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ ҳадя кунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.