Фарҳод Калонов: Дар Африка ба дасти одамони ваҳшӣ афтодам

Фарҳод Калонов – аввалин тоҷике, ки бо мошини худ ба сайри ҷаҳон баромадааст, пас аз 7 моҳи саёҳат, ба Тоҷикистон омад. Имрӯз ӯ дар барномаи мустақими радиои “Asia-Plus” дар бораи таассурот аз сафар ва нақшаҳои ояндааш суҳбат намуд. Фарҳод Калонов мегӯяд, ки сафари ӯ ғайримунтазир қатъ шуд ва ӯ аз фурсати муносиб истифода намуда, ба […]

Asia-Plus

Фарҳод Калонов – аввалин тоҷике, ки бо мошини худ ба сайри ҷаҳон баромадааст, пас аз 7 моҳи саёҳат, ба Тоҷикистон омад. Имрӯз ӯ дар барномаи мустақими радиои “Asia-Plus” дар бораи таассурот аз сафар ва нақшаҳои ояндааш суҳбат намуд.

Фарҳод Калонов мегӯяд, ки сафари ӯ ғайримунтазир қатъ шуд ва ӯ аз фурсати муносиб истифода намуда, ба Ватан, барои дидорбинии пайвандон ва истироҳат омадааст: “Ман дар давлати Сенегал қарор доштам ва бояд аз он ҷо тариқи киштии боркаш ба Америкаи Ҷанубӣ сафар мекардам. Аммо дар ин давлат баъзе мушкилиҳо пеш омад ва маҷбур шудам ба шаҳри Гамбурги Германия сафар намоям ва аз он ҷо мошинамро ба Америкаи Ҷанубӣ фиристам. Пас аз 35 рӯз мошини ман ба ин қитъа мерасад ва ман сафарро идома медиҳам”.

Ин сайёҳи тоҷик қаблан бо дучарха (мотосикл) ба сайри давлатҳо баромада буд, аммо ин навбат нақлиёти худро бо мошини махсус таҷҳизонидашуда иваз намуд. Ӯ мегӯяд, ки саёҳат бо мошин аз чанд ҷиҳат муфид аст: “Сафар бо мошин аз он ҷиҳат муносиб аст, ки дар он метавон зиндагӣ кард. Дар бисёр ҷойҳо ман дар мошинам шабҳоро рӯз мекунам ва барои зиндагӣ тамоми шароитро муҳайё кардаам. Бо ин роҳ ман маблағи худро сарфа менамоям”.

Фарҳод Калоновро баъзе аз ширкатҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хайриявӣ дастгирии молиявӣ менамоянд. Ӯ ҳамчунин, бо корҳои хайрхоҳона машғул аст, яке аз муборизони фаъол бо бемории синдроми дауна мебошад ва барои табобати нафарони гирифтори ин беморӣ корҳои таблиғотӣ анҷом медиҳад. Аз ин сабаб, ӯро дар ҳар давлат ба мулоқотҳо ва суҳбатҳо даъват мекунанд. Ӯ бо кӯдакони гирифтори ин беморӣ мулоқотҳо доир намуда, рӯҳияи онҳоро боло мебардорад.

Боре ҳамин корҳои хайрхоҳонаи Фарҳод Калонов дар ҷангалзорҳои Африка ҷони ӯро харидааст. Ӯ мегӯяд:  “Дар яке аз давлатҳои Африка саёҳат доштам. Хостам ба тамошои ҷангалзор ва ҳайвоноти ваҳшӣ равам. Аммо ба дасти одамони ваҳшӣ афтодам. Онҳо яроқ доштанд ва хеле дағал суҳбат мекарданд. Бо ҳама забонҳое, ки медонистам мақсадамро баён кардам. Аммо онҳо маро гӯш кардан намехостанд ва дод мезаданд. Фикр кардам, ки сафари ман инҷо поён меёбад. Ногоҳ чашми онҳо ба расми Мона Лиза-духтараке афтод, ки дар мошини ман часпонида шудаасту гирифтори бемории синдром дауна аст. Аз ин фурсат истифода карда, ба онҳо гуфтам, ки табиб ҳастам ва ба табобати беморони гирифтори синдром дауна машғулам. Баъд онҳо маро раҳо намуданд ва ман сафарамро идома додам”.

Фарҳод Калонов мегӯяд, ки аксари одамоне, ки ӯ давоми саёҳаташ вохӯрдааст, дар бораи Тоҷикистон маълумот надоранд: “70 дарсади одамони ҷаҳон дар бораи Тоҷикистон маълумот надоранд. Аз ин сабаб, ман бо худ варақаҳои таблиғотӣ ва фиттаҳо гирифтаам, ки дар ҳар мулоқотам тақсим мекунам. Бо ин роҳ Тоҷикистонро муаррифӣ менамоям”.

Ин ҷаҳонгарди тоҷик дар 7 моҳи сафар аз 37 давлати дунё дидан карда, 50 000 км масофаро тай намудааст: “Биёбонҳои Марокаш хеле зебо аст, Португалияро давлати афсонавӣ дарёфтам. Дар давлатҳои Скандинавия будам ва ба хунукии ҳаво нигоҳ накарда, шабҳо бедор менишастам, то ки ситораборонҳои ин минтақаро тамошо кунам. Дар Финландия ба ватани Бобои барфӣ рафтам. Ба хонаи ӯ меҳмон шудам, суҳбат намудам ва акси хотиравӣ бардоштам. Манзараи афсункунанда буд”.

Дар назари аввал шояд тасаввуроте ҳосил шавад, ки саёҳат бо мошин ҷолибу шавқангез аст, аммо ин кор мушкилиҳои худро дорад. Яке аз мушкилҳое, ки Фарҳод Калонов пайваста бо он рӯ ба рӯ мегардад, дастрас кардани раводиди давлатҳо аст: “Барои дастрас намудани раводид вақти зиёд сарф мекунам. Ташаккур ба намояндагони дипломатии Тоҷикистон, ки дар ҳар давлат барои дастрас кардани раводид ба ман кӯмак менамоянд. Махсусан, сафирони Тоҷикистон дар Фаронса ва Россия ба ман кӯмаки зиёд намуданд”.

Дар назар аст, ки пас аз ду ҳафта Фарҳод Калонов барои идома додани саёҳати хеш ба Америкаи Ҷанубӣ сафар намояд. Дар ин муддат мошини ӯ ҳам ба ин қора мерасад ва ин сайёҳи тоҷик сафари худ ба Америкаи Ҷанубиро аз Колумбия оғоз менамояд: “Дар Америкаи Ҷанубӣ сафарро аз давлати Венесуэла бояд оғоз мекардам. Аммо ҳоло вазъи сиёсиву иҷтимоии ин давлат хуб нест ва ман қарор намудам, ки сафарамро аз Колумбия оғоз намоям”.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.