Ҷашни 9-солагии “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон

Иттилоияи расмӣ

Моҳи декабр аз рӯзи бунёдёбии раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон 9 сол сипарӣ шуд. Тӯли солҳои сипаришуда оператор дар бозори алоқаи минтақа яке аз мақомҳои пешсафро соҳиб гардид. Алоқаи “МегаФон Тоҷикистон” дар 95% ҳудуди Хатлон дастрас буда, дар Бохтар ва ноҳияи Данғара интернети мобилии 4G роҳандозӣ карда шудааст.

“Баҳри то ҳадди имкон фаро гирифтани минтақа бо хизматрасониҳои алоқа фаъолияти фавқуллода бузург зарур омад. Барои корандозии танҳо як пойгоҳи базавӣ дар кӯҳҳо дар шароити мавҷуд набудани роҳҳо муҳандисони мо маҷбур мешуданд таҷҳизоти садкиллограммаро ба таври дастӣ аз як макон ба макони дигар расонанд. Аз тарафи дигар, акнун муштариён метавонанд дар ҳар гӯшаву канор аз алоқаи боэътимоди ширкатамон баҳравар бошанд. Мо аз чунин натиҷа ифтихор дорем!” – мегӯяд роҳбари шуъбаи техникии раёсати минтақавӣ дар вилояти Хатлон Эмомалӣ ВАЗИРОВ.

Фаъолияти назаррас инчунин дар самти таъмини сокинон бо хизматгузории баландсифат анҷом дода шуд. Агар қаблан барои чунин амалҳои оддӣ, ба монанди пуркунии тавозуни телефон ба шаҳри наздиктарин рафтан зарур меомад, акнун бисёр амалҳоро муштариёни ширкат метавонанд мустақилона – бо ёрии “Ҳуҷраи корӣ” ва замимаи “МегаФон Life” ба иҷро расонанд. Интихоби тарофаҳо, харидани гаҷети мобилӣ ва гирифтани посухи касбӣ дар дилхоҳ масъалаи марбут ба алоқа бошад, дар толорҳои сершумори оператор пурра имконпазир аст.  

“Хоҳишу ниёзҳои муштариёнро ба назар гирифта, мо нуқтаҳои тиҷоратиро дар маконҳои нисбатан дастрас – назди бозорҳо, истгоҳҳо, дар марказҳои бузурги тиҷоратӣ ва идоравӣ ифтитоҳ менамоем. Дар инкишофи шабакаи хусусӣ махсусан соли сипаришаванда нақши муҳим бозид. Аз 50 толорҳои дар шаҳру деҳоти ҳамаи навоҳии вилояти Хатлон кушодашуда 30-тои онҳо маҳз дар соли 2018 ифтитоҳ ёфтанд”, – изҳор дошт роҳбари шуъбаи тиҷоратии раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Умар ХУДОЁРОВ.

Алоқаи мобилии дастрас ба ҳама сокинони Хатлон аҳамияти калони иҷтимоӣ дорад: ҳатто дар деҳаҳои дурдасттарин муштариёни оператор имкон доранд наҷодиҳандагону духтурро тариқи телефони мобилӣ даъват намоянд. Интернети мобилӣ имкони хондани хабару китобҳо, гирифтани маълумоти фосилавиро дар дилхоҳ макони қулай фароҳам меорад.  Лекин “МегаФон Тоҷикистон” бо ҳамаи ин фаъолияти худро маҳдуд накарда, пайваста лоиҳаҳои хайриявиро амалӣ менамояд: барои кӯдакони ятим идҳо ташкил карда барои донишҷӯёну сокинони ҷамоатҳо дар самти баландбардории саводнокии интернетии онҳо дарсҳои омӯзишӣ доир менамояд. Хизматчиёни ҳарбӣ ва хешовандони онҳое, ки дар Россия кору фаъолият мекунанд, имкони анҷомдиҳии зангро ба наздикони худ пайдо мекунанд. Тарбиятгирандагони хонаҳои кӯдакони Хатлон дар мусобиқаҳои байналмилалии футбол таҳти унвони “Оянда аз ту вобаста аст” иштирок менамоянд. Бо кӯмаки оператор намои маркази вилоятӣ низ тағйир ёфта истодааст: ба муносибати Соли туризм ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон шуда буд, “МегаФон Тоҷикистон” дар маркази Бохтар арт-иншоотро бо навиштаҷоти "I love Bokhtar” насб намуд, ки он ба яке аз маконҳои тамошобоби шаҳр табдил ёфт. 

“Аллакай соли нӯҳум мо на танҳо дар Хатлон фаъолият мебарем – балки бо ҳаёти минтақа зиндагонӣ  карда, ба шахсони ниёзманд кӯмак мерасонем. Чунин мавқеи фаъол барои ширкати мо анъанавист. Мутмаинам мо ҳоло барои овардани фоидаи калон ба ватани худ ва ба ҳамаи онҳое, ки алоқаи моро интихоб менамоянд, имкониятҳои бешумор пайдо менамоем”, – иброз медорад роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...