Тоҷикистонӣ ба нафақахӯрони Барнаул бепул нон тақсим мекунад

Фарид Мадолимов, соҳиби мағозаи хӯрокворӣ дар ноҳияи Индустриалии шаҳри Барнаул ҳар рӯзи ҷумъа ба солхӯрдаҳои шаҳр нони бепул пешниҳод мекунад. Бино ба иттилои хабаргузории Sputnik Тоҷикистон, гуруҳи нафақахӯрони Барнаул дар посух ба ин иқдоми хайри соҳибкори тоҷикистонӣ, бо як номаи дастаҷамъӣ тариқи нашрияи “Алтайская правда” ба Фарид Мадолимов миннатдорӣ кардаанд. Дар пайи дарёфти нома, рӯзноманигорон […]

Sputnik Тоҷикистон

Фарид Мадолимов, соҳиби мағозаи хӯрокворӣ дар ноҳияи Индустриалии шаҳри Барнаул ҳар рӯзи ҷумъа ба солхӯрдаҳои шаҳр нони бепул пешниҳод мекунад.

Бино ба иттилои хабаргузории Sputnik Тоҷикистон, гуруҳи нафақахӯрони Барнаул дар посух ба ин иқдоми хайри соҳибкори тоҷикистонӣ, бо як номаи дастаҷамъӣ тариқи нашрияи “Алтайская правда” ба Фарид Мадолимов миннатдорӣ кардаанд.

Дар пайи дарёфти нома, рӯзноманигорон қазияро пайгирӣ карда, аз қавли афроди солхӯрдаи шаҳр зери унвони “Наш Фариддунчик” дар бораи Фарид Мадолимов матлаб нашр намудаанд.

Фариддин, ё худ Фарид Мадолимови 30-сола, ки аз Суғд ба Барнаул муҳоҷир шудааст, ин иқдоми хайрашро анъанаи миллии ғамхорӣ дар ҳаққи солхӯрдаҳо унвон кардааст. Ӯ афзудааст, ки ҷумъа барои мусалмон рӯзи махсус аст ва ӯ эҳсонкориро бо додани нон ба бознишастаҳо пеш гирифта, одати падару бобоёнашро дар муҳоҷират низ идома дода истодааст.

Фарид бо ҳамсараш Фариза дар Барнаул иқомат дошта, ду фарзанди хурдсолро тарбия мекунанд.

Варвара Беседина, як сокини солхӯрдаи маҳаллӣ Фаридро намунаи ибрат барои ҷавонони дигар хонда, таъкид намудааст, ки чунин таваҷҷуҳ ба солхӯрдаҳо қобили таҳсин аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.